НАМОИШИ ФИЛМИ «ПЕШВО АЗ ҚАЛБИ МАРДУМ» МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН
Тибқи нақша чорабиниҳои корҳои тарбиявии донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва шиносоии бештари донишҷӯён бо таърихи навини давлатдории тоҷикон миёни донишҷӯён намоиши филми ҳуҷҷатии «Пешво аз қалби мардум» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, филми ҳуҷҷатии мазкурро бо таваҷҷуҳи хоса тамошо карданд. Филми «Пешво аз қалби мардум» ба фаъолияти созанда ва кору пайкори Пешвои миллат бахшида шуда, дар он аз марҳилаҳои муҳими рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, корҳои созандагию ободонӣ ва ташаббусҳои муҳими давлатдорӣ ёдоварӣ мешавад.
Намоиши филм барои донишҷӯён имконияти хуб фароҳам овард, то онҳо тавассути наворҳои ҳуҷҷатӣ ба баъзе рӯйдодҳои муҳими таърихи навини кишвар назар намуда, дар бораи аҳамияти истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа маълумоти бештар ба даст оранд.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки ҷавонон неруи созанда ва ояндасози давлату миллат ба ҳисоб рафта, аз онҳо омӯзиши амиқи таърихи Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол тақозо мегардад.
Чунин чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва тарбиявӣ дар самти ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстии донишҷӯён аҳамияти муҳим дошта, барои дар рӯҳияи садоқат ба Ватан тарбия намудани насли ҷавон мусоидат менамоянд.
Намоиши филми ҳуҷҷатии «Пешво аз қалби мардум» дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, донишҷӯён онро бо таваҷҷуҳи зиёд тамошо намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ зикр гардид, ки шиносоии ҷавонон бо чунин филмҳои ҳуҷҷатӣ барои дарки воқеияти таърихи навини кишвар ва тақвияти ҳисси масъулияти шаҳрвандии онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.