ТОҶИКИСТОН ДАР ХАРИТАИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ
Дар асри XXI ҷойгоҳи давлатҳоро дар арсаи байналмилалӣ на танҳо масоҳат, захираҳои табиӣ ё иқтидори иқтисодӣ, балки сатҳи рушди илм, технология, сармояи инсонӣ ва қобилияти истифодаи самараноки дастовардҳои муосир муайян менамояд. Дар ин раванд зеҳни сунъӣ ба яке аз муҳимтарин неруҳои дигаргунсозандаи ҷаҳони муосир табдил ёфта, ба рушди иқтисод, маориф, тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири рӯзафзун мерасонад.
Дар чунин шароит саволи муҳим ба миён меояд: Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ чӣ ҷойгоҳ дорад ва чӣ гуна метавонад дар ташаккули ояндаи технологии минтақа ва ҷаҳон саҳм гузорад?
Ҷавоб ба ин саволро пеш аз ҳама метавон дар сиёсати дурбинонаи роҳбарияти мамлакат ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷустуҷӯ намуд. Қабули Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 нишон медиҳад, ки масъалаи рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати стратегии давлатӣ табдил ёфтааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм, технологияҳои муосир, инноватсия ва иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар доираи ин сиёсат зеҳни сунъӣ ҳамчун яке аз самтҳои ояндадори рушди иқтисоди рақамӣ, баланд бардоштани самаранокии соҳаҳои гуногун ва таҳкими рақобатпазирии кишвар мавқеи муҳим пайдо менамояд.
Қадами дигари муҳим ворид гардидани ташаббусҳои Тоҷикистон ба рӯзномаи байналмилалии марбут ба зеҳни сунъӣ мебошад. Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ дар соли 2025 далели он гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар баррасии масъалаҳои муҳими технологӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор баромад намояд.
Соли 2026 бошад, барои идомаи ин раванд аҳамияти махсус касб намуд.
Эътирофи 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ рӯйдоди муҳим дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба зеҳни сунъӣ ба ҳисоб меравад. Барои Тоҷикистон ин сана аҳамияти хос дорад, зеро он бо ташаббусҳо ва мавқеи фаъоли кишвар дар муҳокимаҳои байналмилалӣ оид ба рушди зеҳни сунъӣ пайванди мустақим дорад.
Ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯем.
Аҳамияти ин рӯз танҳо дар пайдо гардидани санаи нав дар тақвими байналмилалӣ маҳдуд намешавад. Он пеш аз ҳама нишон медиҳад, ки зеҳни сунъӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, ҷомеаи байналмилалӣ зарурати рушди масъулонаи технология, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва истифодаи имкониятҳои онро ба манфиати инсон ва ҷомеа бештар дарк менамояд.
Ҳамзамон, барои Тоҷикистон чунин дастовард масъулияти навро низ ба миён мегузорад. Ҷойгоҳи воқеии кишвар дар харитаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ танҳо бо қабули стратегияҳо, санадҳои меъёрӣ ё баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ муайян намегардад. Меъёри асосии пешрафт қобилияти кишвар дар эҷоди дониш, омода намудани кадрҳои баландихтисос, рушди мактабҳои илмӣ, таҳияи технологияҳои миллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақамии рақобатпазир мебошад.
Дар ин самт сармояи асосии Тоҷикистонро ҷавонон, дониш, илм ва иқтидори зеҳнии инсонӣ ташкил медиҳанд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд тадриҷан ба марказҳои фаъоли рушди илм, инноватсия ва технологияҳои зеҳни сунъӣ табдил ёбанд.
Омода намудани муҳандисони зеҳни сунъӣ, барномасозон, таҳлилгарони додаҳо, муҳаққиқони омӯзиши мошинӣ, мутахассисони амнияти рақамӣ ва дигар кадрҳои ба талаботи иқтисоди рақамӣ ҷавобгӯ бояд ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди маориф ва илми кишвар табдил дода шавад.
Дар баробари ин, рушди зеҳни сунъӣ бояд на танҳо ба омода намудани мутахассисон, балки ба ҳалли масъалаҳои воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона гардад. Истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, хизматрасониҳои давлатӣ ва идоракунии захираҳо метавонад ба баланд бардоштани самаранокӣ, кам намудани хароҷот ва беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ мусоидат намояд.
Имрӯз Тоҷикистон дар остонаи марҳилаи нави рушди технологӣ қарор дорад. Дар ин марҳила кишвар бояд дар харитаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ на танҳо ҳамчун истифодабарандаи технологияҳои хориҷӣ, балки ҳамчун давлате, ки дорои кадрҳои рақобатпазир, мактаби илмӣ, маҳсулоти рақамии миллӣ ва ташаббусҳои байналмилалӣ мебошад, мавқеи устувор пайдо намояд.
Аз ин нуқтаи назар, 31 августи соли 2026 барои мо на танҳо санаи таърихӣ, балки оғози марҳилаи нави масъулият мебошад. Масъулият дар назди наслҳои оянда тақозо менамояд, ки имкониятҳои зеҳни сунъӣ ба рушди воқеии мамлакат, пешрафти илм, баланд бардоштани сифати маориф, рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум равона карда шаванд.
Ҳамин тариқ, ҷойгоҳи Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ на танҳо бо мавқеи ҷуғрофӣ ё иқтидори иқтисодӣ, балки пеш аз ҳама бо сатҳи рушди илм, маориф, сармояи инсонӣ, иқтидори технологӣ ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар муайян мегардад.
Эътирофи 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ барои Тоҷикистон дар баробари дастоварди муҳим будан, масъулияти навро низ ба миён мегузорад. Дар ин марҳила зарур аст, ки бо такя ба сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои зеҳни сунъӣ ба рушди илм ва технология, омода намудани кадрҳои рақобатпазир, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии мардум равона карда шаванд.
Танҳо дар ҳамин сурат Тоҷикистон метавонад аз истифодабарандаи технологияҳои муосир ба яке аз иштирокчиёни фаъоли эҷод ва рушди онҳо табдил ёфта, дар ташаккули ояндаи технологии Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузорад.
Даврони Бозоралӣ
ассистенти кафедраи технологияҳои барномасозии
Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон