ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ДАРСИ СУЛҲ ВА МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДИТР
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин иқдоми наҷиб ва таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат ба рушди илму маориф бозгӯи ҷойгоҳи муҳими соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат буда, барои аҳли зиё, омӯзгорону донишҷӯён ва ҷомеаи кишвар рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
31 августи соли 2026 дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо иштироки муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Яздонзода Исфандиёр, ҳайати роҳбарият, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ пахши мустақими мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф, бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, дастаҷамъона тамошо карда шуд.
Зимни тамошои пахши мустақим аҳли донишгоҳ ба дастуру ҳидоятҳои созанда ва суханони пурмазмуну роҳнамоикунандаи Пешвои миллат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Масъалаҳои муҳими рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, омӯзиши илмҳои муосир ва азхудкунии технологияҳои пешрафта аз ҷумлаи мавзуъҳои муҳиме буданд, ки мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Яздонзода Исфандиёр зимни иштирок дар ҳамоиш аҳамияти дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро барои аҳли илму маориф муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҳар як омӯзгор ва донишҷӯ бояд аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода бурда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури навоварона ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол талош намояд.
Таъкидҳои Пешвои миллат бори дигар собит намуданд, ки илму маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, рушди устувори кишвар ва ояндаи дурахшони миллат ба дониш, маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва тарбияи дурусти насли ҷавон пайванди ногусастанӣ дорад.
Аҳли Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо рӯҳу илҳоми тоза ва ҳисси баланди масъулият изҳор медоранд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон, рушди илму маориф, тавсеаи технологияҳои рақамӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Дар шароити имрӯза ҳар як омӯзгор, корманд ва донишҷӯро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот, Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ расида, бо донишу маърифат, меҳнати софдилона, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ташаббусҳои созанда дар ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошад.