ШОМИ ИСТИҚЛОЛ — ТАНТАНАИ СУРУДУ ШОДӢ
Дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангии «Шоми Истиқлол» баргузор гардид.
Барномаи идона аз ҷониби Ансамбли «Нури Ваҳдат»-и Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо барномаи рангини фарҳангӣ-ҳунарӣ пешкаши сокинону меҳмонони шаҳр гардид.
Зимни чорабинӣ ҳунармандони ансамбл бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу оҳангҳои миллӣ ва дигар барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.
Фазои идона, садои мусиқии миллӣ ва сурудҳои тараннумгари Ватан муҳити боғро фаро гирифта, табъи сокинону меҳмонони шаҳрро болида гардонид. Ҳозирин барномаи ҳунариро бо хушҳолӣ тамошо намуда, ҳунармандонро бо кафкӯбиҳои самимӣ истиқбол гирифтанд.
«Шоми Истиқлол» ба як барномаи хотирмон ва пуршукӯҳи фарҳангӣ табдил ёфта, дар қалби иштирокчиён эҳсоси ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол ва муҳаббат ба фарҳангу арзишҳои миллӣ ба вуҷуд овард.
Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи тантанаҳои ҷашнии мардуми кишвар буда, барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии миллӣ замина фароҳам меорад.