Шоми 20 августи соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми Истиқлол» баргузор гардид.
Барномаи идона бо иштироки Ансамбли «Нури Ваҳдат»-и Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор шуда, ба хотири таҷлили арзишҳои муқаддаси истиқлолият, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳангу ҳунари миллӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ ҳунармандони ансамбл бо суруду таронаҳои дилнишин, оҳангҳои миллӣ, рақсу иҷроҳои ҷолиб ба шоми идона ҳусни тоза бахшиданд. Садои мусиқии миллӣ ва таронаҳои ватандӯстона фазои боғро фаро гирифта, рӯҳияи идона ва эҳсоси ифтихори миллӣ ба вуҷуд овард.
«Шоми Истиқлол» на танҳо як барномаи фарҳангӣ, балки арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои даврони истиқлол буд.
Истиқлол барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рамзи озодӣ, худшиносӣ, давлатдорӣ ва ояндаи созанда мебошад.
Маркази иттилоот ва тарғиб