14 августи соли 2026 мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо директори иҷроияи Фонди Авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба вазъи раванди рақамикунонӣ, рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд табодули назар намуда, таъкид карданд, ки татбиқи чунин ташаббусҳо метавонад ба рушди иқтисоди рақамӣ ва бахши хусусии кишвар мусоидати назаррас намояд.
Дар идомаи мулоқот масъалаи татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ барои рушди хизматрасониҳои давлатии рақамӣ» бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо ва рушди минбаъдаи хизматрасониҳои рақамии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар доираи мулоқот намояндагони ҷонибҳо аз Маркази хизматрасониҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ боздид намуда, бо раванди пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, сатҳи рақамикунонии хизматрасониҳо ва имкониятҳои техникии марказ шинос шуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва пешбурди ташаббусҳои муштарак дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои давлатии рақамӣ иброз намуданд.