БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ ТОҶИКИСТОН
Дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки ректори донишгоҳ, дотсент Шаҳриёр Саъдуллозода, муовинони ректор, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявию маҳаллӣ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ зимни ироаи ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2026 зикр намуд, ки муассиса дар самти баланд бардоштани сифати таълим, рушди илм ва инноватсия, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими заминаи моддию техникӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки дар маъракаи қабули довталабон барои соли таҳсили 2026–2027 тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 738 нафар довталаб ба Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон роҳхат гирифта, сазовори номи донишҷӯи донишгоҳ гардиданд. Ин нишондиҳанда аз афзоиши эътимоди ҷавонон ба донишгоҳ ва нуфузи рӯзафзуни он дар низоми таҳсилоти олии кишвар шаҳодат медиҳад.
Дар қисмати саволу ҷавоб намояндагони воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти донишгоҳ вобаста ба қабули донишҷӯён, имкониятҳои таҳсил, рушди инфрасохтори таълимӣ, фаъолияти илмӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.
Дар анҷоми нишаст ректори донишгоҳ аз намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки роҳбарияти донишгоҳ минбаъд низ ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолият ва дастрасии ҷомеа ба иттилооти саҳеҳ ҳамкориҳоро бо расонаҳо густариш хоҳад дод.