Санаи 16 июни соли 2026 нишасти матбуотии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Агентӣ натиҷаҳои фаъолиятро дар нимсолаи якуми соли 2026 ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳа барои давраи минбаъдаро муаррифӣ намуд.
Дар ҷараёни нишаст масъалаҳои асосӣ вобаста ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, инчунин таҳкими иқтидори кадрии соҳа мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд.
Иттилоъ дода шуд, ки Агентӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати густариши хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, такмили платформаҳои рақамӣ, ҷорӣ намудани низомҳои муосири идоракунии иттилоотӣ ва таъмини шаффофият дар равандҳои хизматрасонӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
Ҳамзамон, ба масъалаи ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии ташаббусҳои стартапӣ, рушди экосистемаи инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар хотимаи нишаст таъкид карда шуд, ки Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ минбаъд низ фаъолияти худро ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рақамикунонӣ ва инноватсия равона намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иқтисоди миллӣ чораҳои амалӣ меандешад.