Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои таъмини сифати таҳсилот дар шароити рақамикунонӣ» баргузор гардид. Дар конференсия устодони Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.
Зимни маърӯзаҳо таъкид гардид, ки рақамикунонии соҳаи маориф дар заминаи имкониятҳои муосири донишкада ва донишгоҳҳои технологӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, истифодаи китобхонаҳои электронӣ ва татбиқи стратегияҳои миллӣ заминаи устувор мегузорад.
Иштирокчиёни конференсия иброз доштанд, ки ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим омили калидии тағйироти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар маҳсуб шуда, ба ҳар як донишҷӯ имкони азхудкунии малакаҳои муосири касбиро фароҳам меорад.
Конференсия бо мубодилаи афкори созанда миёни олимону коршиносон анҷом ёфта, ҳадафи асосии он мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи бозори меҳнати рақамӣ ва ҳамгироӣ бо фазои илмии ҷаҳонӣ арзёбӣ гардид.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/