Санаи 29 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон тибқи нақша-чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки масъулини ниҳодҳои қудратӣ, намояндагони вилояту шаҳр ва гурӯҳи «Авангард» вохӯрии судманд баргузор гардид. Меҳвари асосии мулоқот шарҳи Паёми Пешвои миллат ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон буд.
Дар рафти мулоқот масъулин оид ба таҳкими ватандӯстӣ, пешгирии ифротгароӣ ва истифодаи дурусти технологияҳои муосир бо донишҷӯён суҳбатҳои маърифатӣ ва самимӣ анҷом доданд.
Ҳадафи асосии ин силсилачорабиниҳо дар муассисаҳои таълимӣ огоҳ намудани насли ҷавон аз хатарҳои ҷаҳони муосир, даъват ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани зиракии сиёсии онҳо мебошад.
Иштирокчиён таъкид карданд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созандаи кишвар бояд дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошанд ва бо истифода аз илму технологияҳои рақамӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/