Илм ҳамчун яке аз сутунҳои асосии тамаддуни инсонӣ дар тӯли таърих нақши калидӣ дошта, миллатҳои гуногун дар рушди он саҳми арзанда гузоштаанд. Мардуми тоҷик низ бо таърихи куҳан ва фарҳанги ғании худ дар пешрафти илми башарӣ ҷойгоҳи хоса дошта, олимону мутафаккирони тоҷик аз давраҳои қадим то имрӯз дар соҳаҳои гуногун — аз ҷумла тиб, риёзиёт, фалсафа, адабиёт ва нуҷум — дастовардҳои назаррасро ба мерос гузоштаанд.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси илмиву маънавии ниёгон ва рушди тафаккури илмӣ, мутобиқи қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, якшанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил мегардад.
Дар ин замина, дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон аз 20 то 25 апрели соли 2026 Ҳафтаи илм баргузор гардид. Дар доираи он як қатор чорабиниҳои илмӣ, аз ҷумла конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар доир карда шуда, масъалаҳои мубрами рушди илм ва инноватсия баррасӣ гардиданд.
Тибқи барномаи тасдиқшуда, масъулини чорабиниҳо оид ба натиҷаҳои бадастомада ҳисобот пешниҳод намуда, дастовардҳои муҳими илмӣ ва фаъолияти тадқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён таҳлил гардид.
Дар анҷоми Ҳафтаи илм, бо фармоиши ректори Донишгоҳ таҳти №43-у аз 27 апрели соли 2026, ғолибони озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардида, ҳамзамон як қатор омӯзгорони фаъол барои саҳми арзандаашон дар рушди фаъолияти илмӣ бо Сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Ҳафтаи илм дар донишгоҳ ҳамчун платформаи муҳими табодули афкор, муаррифии дастовардҳои илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ арзёбӣ гардида, дар баланд бардоштани нуфузи илм ва ҷалби ҷавонон ба таҳқиқоти илмӣ саҳми назаррас гузошт.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/