735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

КОР ДАР БАХШҲОИ КОНФЕРЕНСИЯ: БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ ИЛМӢ ДАР БАХШИ «ТАБИӢ–РИЁЗӢ»

Санаи 20 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар доираи Конференсияи илмӣ–назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 кор дар бахши “Табиӣ–риёзӣ” идома ёфт.

Чорабинии мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои илмии донишгоҳ, дар ҳошияи Рӯзи илми тоҷик ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар партави татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла «20-солагии омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ барои солҳои 2020–2040» ва истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Кори бахш таҳти роҳбарии раиси бахш, номзади илмҳои иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи дотсент Абдурашидова У.Ҷ. ва котиби бахш, омӯзгори кафедра Шоинбеков Х.Ш. баргузор гардида, дар он маърӯзаҳои илмии омӯзгорону донишҷӯён дар сатҳи баланд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни кори бахш як қатор маърӯзаҳои муҳими илмӣ шунида шуданд. Аз ҷумла, маърузаҳои Хидиров Худойқул Саторович, номзади илмҳои физика-математика, дотсент, дар мавзуи «Тадқиқи муодилаи мавҷӣ бо сарбории аъзои озод ва шарти интегралӣ бо методи Роландес», Абдулазизов Абдулҳаким Холмуродович, номзади илмҳои физика-математика, дотсент, дар мавзуи «Оператори баръаксӣ ва истифодаи он» ва Бекназаров Баҳриддин Зоирқулович, омӯзгори кафедраи табиӣ-риёзӣ дар мавзуи «Сарфаҷӯӣ ва самаранокии нерӯи барқ» пешкаши иштирокчиён гардиданд.

Дар баробари омӯзгорон, донишҷӯён низ бо маърӯзаҳои тадқиқотии ҷолиби худ фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, Исоев Меҳрубон, донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-250103, таҳти роҳбарии саромӯзгор Ғаримадов Ғулом дар мавзуи «Моҳияти усули регрессионӣ ва коррелятсионӣ», Обудинова Сафия, донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-250103, таҳти роҳбарии саромӯзгор Азимов Давлаҳмад Абдураҳимович дар мавзуи «Мафҳуми системаи муодилаҳои хаттӣ ва ҳамҷояшавандаи он», Исмоилова Гулҷаҳон, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 1-020502 таҳти роҳбарии номзади илмҳои физика-математика, дотсент Ғафоров С. дар мавзуи «Таъмини асосҳои биофизика дар таълимоти фанни физика» маърузаҳои худро ироа карданд, ки мавриди таҳлилҳои амиқ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми кори бахш маърӯзаҳои пешниҳодшуда мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифта, байни иштирокчиён мубоҳисаҳои судманди илмӣ сурат гирифтанд. Иштирокчиён сатҳи омодагии илмии маърӯзачиёнро баланд арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин чорабиниҳо барои рушди тафаккури илмӣ, тақвияти фаъолияти таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалии донишҷӯён мусоидат менамоянд.

Дар маҷмӯъ, кори бахши “Табиӣ–риёзӣ” дар сатҳи баланди илмӣ ташкил ва баргузор гардида, итминон дорем, ки саҳми назаррас дар татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди илм ва маорифи кишвар хоҳад гузошт.

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима