735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

КОР ДАР БАХШҲОИ КОНФЕРЕНСИЯ: БАХШИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ МУОСИРИ ХОРИҶӢ

Дар доираи баргузории Ҳафтаи Илм дар Донишгоҳи Инноватсия ва Технологияҳои Рақамии Тоҷикистон, конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 баргузор гардид.

Бахши забони давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷӣ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими конференсия, кори худро санаи 21 апрели соли 2026 оғоз намуд. Роҳбарии бахшро мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷӣ, Мирзоева Ф.С., ва котибии онро омӯзгори кафедра Ҳакимова Р.Р. ба уҳда доштанд.

Дар кори бахш аз ҷониби омӯзгорон 13 маъруза ва аз ҷониби магистрантону донишҷӯён 13 маъруза пешниҳод шуда, аз ин шумора 8 маърузаи омӯзгорон ва 8 маърузаи донишҷӯён шунида шуда, мавриди муҳокимаи илмӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, номзади илмҳои педагогӣ Орифзода О.О. маърузаи худро дар мавзӯи «Самарабахшии истифодаи кейсҳо (бастаҳо)-и лингвистӣ дар ташаккули салоҳиятмандии нутқии донишҷӯён» пешкаши иштирокчиён намуданд, ки иштирокчиён атрофи он фикру андешаҳои худро иброз намуданд. Ҳамзамон, устодони кафедра Мирзоева Ф.С., Шомадов Ш., Абдуллозода Ҳ., Ҳасани Ш., Ҳакимова Р., Холматова Р. ва Саломати Д. бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.

Аз ҷониби донишҷӯён Шарипова Б., Раҳимова М., Абдулҳамидзода Мастура, Азимова Фотима, Шамсов Абубакр, Алишери Қосимхуҷа, Фархундаи Манучеҳр, Файзов Муҳаммад ва дигарон маърузаҳои ҷолиб пешниҳод гардиданд, ки мавриди баррасии илмӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷамъбасти кори бахш маърузаҳои омӯзгорон: 1) Шомадов Ш.; 2) Ҳасани Ш.; 3) Холматова Р. ва маърӯзаҳои донишҷӯён: 1) Шарипова М.Б., донишҷӯи курси 3-юм, ихтисоси 1-210601; 2) Азимова Ф., донишҷӯи курси 2-юм, ихтисоси 1-210601; ва 3) Назаров Ш., донишҷӯи курси 1-ум, ихтисоси 1-25010410 ҳамчун маърӯзаҳои беҳтарин шуморида шуданд. Кори бахш дар як фазои тантанавии илмӣ баргузор гардида, дар даврони рақамикунонии таҳсилот маърӯзаҳои бисёр ҷолибу мубрам дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ дар таълими забонҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт, дар баррасии ин мавзуъ донишҷӯёну омӯзгорон фаъолона иштирок ва пешниҳодҳои судманд ироа карданд.

Дар анҷоми чорабинии илмӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин конференсияҳо барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, рушди тафаккури интиқодӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои илмии ҷавонон нақши муҳим дорад.

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима