735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

Баргузории Конференсияи Умумидонишгоҳӣ Дар Мавзуи Ҳисоббаробаркуниҳои Ғайринақдӣ

Санаи 21 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи Инноватсия ва Технологияҳои Рақамии Тоҷикистон дар доираи силсилачорабиниҳо бахшида ба Ҳафтаи Илм ва инчунин бахшида ба эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои Рушди Иқтисоди Рақамӣ ва Инноватсия» аз ҷониби кафедраи Идораи Молия Конференсияи Умумидонишгоҳии Илмӣ-Назариявӣ дар мавзуи «Ҳисоббаробаркуниҳои Ғайринақдӣ ва Аҳамияти Он Дар Рушди Низоми Молиявию Бонкии Кишвар» баргузор гардид.

Дар кори конференсия муовини ректор оид ба илм ва рушди рақамӣ, номзади илмҳои таърих (аз рӯи самти физика), дотсент Исозода Собир Қурбон, декани факултети иқтисодиёти рақамӣ ва молия, номзади илмҳои иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи дотсент Асоев Баходур Хайриддинович, декани факултети муҳандисӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳисайнзода Наврӯз Абдураҳмон, мудири кафедраи «Идораи молия», номзади илмҳои иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи дотсент Акимов Саидҷон Муродмадович, инчунин ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Конференсияро мудири кафедраи «Идораи молия» Акимов С.М. ифтитоҳ бахшида, барномаи кории онро муаррифӣ намуд. Сипас, сухани ифтитоҳӣ ба муовини ректор оид ба илм ва рушди рақамӣ Исозода С.Қ. дода шуд. Зимни баромади худ, мавсуф оид ба мубрамияти мавзуи интихобшуда ва аҳамияти рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар шароити муосир ибрози назар намуда, баргузории чунин чорабиниҳои илмиро барои таҳкими фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ муҳим арзёбӣ кард. Ҳамзамон, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам фаъол гардонидани корҳои илмӣ дар донишгоҳ дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.

Тибқи барномаи конференсия як қатор маърӯзаҳои илмии муҳаққиқон ва омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, маърӯзаи Асоев Баходур Хайриддинович дар мавзуи «Хусусиятҳои Рушди Идоракунии Иқтисоди Сабз», маърӯзаи Ҳисайнзода Наврӯз Абдураҳмон дар мавзуи «Соҳибкории Молиявӣ ва Нақши Он Дар Рушди Иқтисодиёти Миллӣ», инчунин маърӯзаи Валиев Исмоил Субҳонқулович дар мавзуи «Нақш ва Аҳамияти Ҳисоббаробаркунии Ғайринақдӣ Дар Рушди Низоми Молиявии Кишвар» пешниҳоди иштирокчиён гардиданд.

Дар ҷараёни баррасии мавзуъҳо миёни иштирокчиён мубоҳисаҳои илмии судманд сурат гирифтанд, ва масъалаҳои мубрами рушди низоми молиявию бонкии кишвар, густариши пардохтҳои ғайринақдӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ мавриди таҳлил қарор дода шуданд.

Дар фарҷоми конференсия таъкид гардид, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ, рушди тафаккури таҳлилӣ ва тақвияти иқтидори илмии омӯзгорону донишҷӯён мусоидат намуда, дар маҷмӯъ ба пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима