735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

Таҳкими Робитаҳои Байналмилалӣ: Тасиси Маркази Омӯзиши Забони Чинӣ дар ДИТР

Роҳбарияти Донишгоҳи Инноватсия ва Технологияҳои Рақамии Тоҷикистон бо Директори Генералии Маркази Забономӯзии «Даниел» (Daniel) ҷаноби Питер ва муовини ӯ хонум Сара мулоқоти корӣ анҷом доданд. Мавзӯи асосии нишаст ба ташкили курсҳои босифати омӯзиши забони чинӣ дар заминаи донишгоҳ ва роҳандозии барномаҳои мубодилаи академӣ барои донишҷӯён бахшида шуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои омода намудани нақшаи чорабиниҳои муштарак ва имзои созишномаи ҳамкорӣ изҳори омодагӣ карданд. Ин ҳамкорӣ уфуқҳои навро барои донишҷӯёни мо боз намуда, рақобатпазирии онҳоро дар бозори байналмилалии меҳнат ва технологияҳои инноватсионӣ тақвият мебахшад.

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима