Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон густариш дода, ҳайати намояндагони Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошкандро қабул намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба рақамикунонии соҳаи маориф, рушди зеҳни сунъӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои илмӣ ва мубодилаи академии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, меҳмонон санаи 23 апрели соли 2026 дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ иштирок намуда, доир ба нақши зеҳни сунъӣ дар раванди таълим маърӯзаи илмӣ пешниҳод карданд.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/