735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

ТАТБИҚИ НИЗОМИ РАҚАМӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДИТР

Санаи 23 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Татбиқи низоми рақамӣ дар соҳаи маориф: навоварӣ ва зеҳни сунъӣ» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии конференсия баррасии масъалаҳои мубрами рақамикунонии соҳаи маориф, муайян намудани имкониятҳои татбиқи технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, инчунин таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва густариши табодули таҷриба байни муассисаҳои илмӣ ва таълимии дохил ва хориҷи кишвар ба ҳисоб мерафт.

Дар кори конференсия олимон, коршиносон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз як қатор кишварҳои хориҷӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба ташкили муҳити рақамии таълимӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ дар раванди омӯзиш ва ҷанбаҳои ахлоқию иҷтимоии онро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор доданд.

Конференсия дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид. Дар доираи он зиёда аз 50 маърузаи илмии олимони ватанӣ ва хориҷӣ шунида шуд, ки барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тақвияти робитаҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар қисми ифтитоҳии конференсия маърӯзаҳои зерин пешниҳод гардиданд:

Абдулло Мамадамон Абдураҳмонбек, н.и.т., дотсент — «Табдили рақамии соҳаи маориф: таҷрибаи ҷаҳонӣ ва дастовардҳои миллӣ»;

Малдабаев Алишер, директори генералии «Oilan Group» (Ҷумҳурии Қазоқистон) — «Трансформатсияи донишгоҳҳо дар давраи зеҳни сунъӣ: таҷрибаи байналмилалӣ»;

Цзе Чжэн, профессор (Ҷумҳурии Мардумии Чин) — «Технологияҳои асосӣ ва татбиқи роботҳои интегратсионӣ дар равандҳои саноатӣ»;

Маликова Нодира Тургуновна, н.и.т., дотсент (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) — «Нақши зеҳни сунъӣ дар раванди таълим: моделҳо, натиҷаҳо ва масъалаҳои ахлоқӣ».

Ҳамчунин, дар бахшҳои алоҳидаи конференсия маърӯзаҳои илмии намояндагони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳам дар шакли ҳузурӣ ва ҳам маҷозӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар маҷмӯъ, натиҷаҳои конференсия дорои аҳаммияти муҳими илмӣ ва амалӣ буда, барои рушди минбаъдаи рақамикунонии соҳаи маориф, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва густариши истифодаи зеҳни сунъӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима