Дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои илмӣ, санаи 20 апрели соли 2026, бахши «Технологияҳои барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ» дар ҳошияи конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ба муносибати Рӯзи илми тоҷик, эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин 20-солагии рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ (2020–2040) ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20–24 апрели соли 2026) бахшида шуда, дар сатҳи баланди илмӣ доир гардид.
Кори бахш таҳти роҳбарии н.и.п., и.в. дотсент Наимов У.Т. сурат гирифта, вазифаи котибиро н.и.п., и.в. дотсент Шарифзода Б.Р. иҷро намуд.
Дар ҷараёни кори бахш натиҷаҳои таҳқиқотии омӯзгорон ва донишҷӯён муаррифӣ гардида, масъалаҳои мубрами соҳаи барномасозӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Дар бахш маърӯзаҳои илмии зерин пешниҳод гардиданд:
«Эволютсияи зеҳни сунъӣ: аз асбобҳои анъанавӣ то технологияҳои рақамӣ»;
«Равишҳои кибернетикӣ ва зеҳни сунъӣ дар идоракунии системаҳои содда»;
«Рушди барномасозӣ дар заминаи зеҳни сунъӣ»;
«Рушди босуръати рақамикунонии Тоҷикистон дар замони муосир»;
«Истифодаи зеҳни сунъӣ ва додаҳои калон дар таҳлили маълумот»;
«Китобхонаи электронӣ ҳамчун муҳити рақамии таълим».
Иштирокчиён зимни муҳокимаи маърӯзаҳо ба масъалаҳои татбиқи технологияҳои муосир, истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ ва рушди муҳити рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ барои ташаккули тафаккури илмӣ, рушди қобилиятҳои таҳқиқотӣ ва тақвияти малакаҳои таҳлилӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, иштироки фаъолонаи омӯзгорон ва донишҷӯён ба баланд бардоштани сатҳи дониш, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ мусоидат менамояд.
Чунин ҳамоишҳо инчунин барои таҳкими робитаи илм ва амалия, мубодилаи таҷриба ва дарёфти роҳҳои инноватсионии ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа аҳамияти муҳим доранд.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/