Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, вохӯрии судманд бо иштироки масъулини самти корҳои тарбиявии донишгоҳ бо донишҷӯёни факултети иқтисодиёти рақамӣ ва молия ва факултети муҳандисӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон, инчунин тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳанги асил арзёбӣ гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳими пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, хурофотпарастӣ ва пешгирии истеъмоли маводҳои мухаддир мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир баъзе неруҳои манфиатҷӯ бо истифода аз имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои гуногуни таблиғотӣ кӯшиш менамоянд, ки ҷавонони ноогоҳро ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб намоянд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ, инчунин ташаккули тафаккури интиқодӣ ҳамчун омили муҳими муқовимат ба чунин таҳдидҳо арзёбӣ карда шуд.
Ҳамзамон, масъалаи пешгирии паҳншавии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва хурофотпарастӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, зикр гардид, ки дини мубини ислом ҳамеша илм, маърифат ва ахлоқи ҳамидаи инсониро тарғиб менамояд. Аз ин лиҳоз, ҳар гуна андеша ва таълимоте, ки мухолифи қонунгузории кишвар ва арзишҳои ҷомеа мебошад, бояд қатъиян рад карда шавад.
Қисмати муҳими вохӯрӣ ба масъалаи пешгирии истеъмоли маводҳои мухаддир бахшида шуда, таъкид гардид, ки нашъамандӣ яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир буда, ба саломатӣ, оянда ва мавқеи иҷтимоии инсон таъсири манфии ҷиддӣ мерасонад. Хусусан, хатари истифодаи маводҳои синтетикӣ, аз ҷумла метамфитамин, мавриди баррасӣ қарор гирифта, паёмадҳои манфии он ба фаъолияти равонӣ ва ҷисмонии инсон шарҳ дода шуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ фазои озоди мубодилаи афкор фароҳам оварда шуда, донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, андеша ва пешниҳодҳои худро иброз намуданд.
Чунин вохӯриҳои маърифатӣ барои баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ, масъулият ва ҳушёрии ҷавонон мусоидат намуда, дар тарбияи насли солим ва ояндасози кишвар нақши муҳим доранд.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/