735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

ТАҲКИМИ ФАРҲАНГИ САРФАҶӮИИ ЭНЕРГИЯ ВА БЕХАТАРИИ ЭНЕРГЕТИКӢ – МАВЗУИ МЕҲВАРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Бехатарии энергетикӣ ва сарфаҷӯии энергия» дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки васеи ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардида, ба яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир — истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои энергетикӣ бахшида шуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсент Қасобов Л. бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуда, доир ба вазъи кунунии соҳаи энергетика, роҳҳои таъмини бехатарии энергетикӣ ва нақши сарфаҷӯии энергия дар рушди устувори иқтисодӣ андешаҳои муҳими илмӣ баён намуд.

Зимни баррасии мавзӯъ таваҷҷуҳи иштирокчиён ба масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосир, татбиқи усулҳои каммасрафи энергия ва баланд бардоштани маърифати энергетикии ҷомеа ҷалб гардид.

Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши талабот ба неруи барқ истифодаи оқилонаи захираҳо ва ҳифзи онҳо яке аз вазифаҳои муҳимми ҳар як шаҳрванд ва мутахассис мебошад.

Дар қисми мубоҳисавии мизи мудаввар донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, доир ба мавзӯъ саволу ҷавобҳои судманд анҷом доданд. Пешниҳодҳои ҷолиб ва андешаҳои навоваронаи онҳо нишон дод, ки насли ҷавон нисбат ба масъалаҳои энергетикӣ бетараф нест ва барои ҳалли онҳо омода мебошад.

Бояд зикр кард, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ дар донишгоҳ ба рушди тафаккури таҳлилӣ, тақвияти донишҳои назариявӣ ва ташаккули малакаҳои касбии донишҷӯён мусоидат намуда, заминаи боэътимод барои омодасозии мутахассисони рақобатпазир фароҳам меорад.

Мизи мудаввари мазкур ҳамчун як қадами муҳим дар самти баланд бардоштани маърифати энергетикӣ ва тарғиби фарҳанги сарфаҷӯӣ миёни ҷавонон арзёбӣ мегардад.

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима