Хабари хуш барои омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол! Дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон маҳфили забони англисӣ бо фарогирии донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳо ба таври расмӣ оғоз гардид.
Ин ташаббуси муҳим ва саривақтӣ бо иштироки намояндагони барномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Ёвари омӯзгори забони англисӣ (ETA) ва намояндаи «Гӯшаи Амрикоӣ»-и шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи дониши забонӣ ва рушди малакаҳои муоширати байналмилалии донишҷӯён равона шудааст.
Маҳфили мазкур дар фазои омӯзишии муосир ва бо истифода аз усулҳои интерактивӣ баргузор гардида, ба иштирокчиён имконият фароҳам меорад, ки на танҳо дониши назариявии худро такмил диҳанд, балки тавассути муоширати мустақим бо соҳибзабонон маҳорати гуфтугӯии худро низ рушд диҳанд.
Барномаҳои таълимӣ бо усулҳои ҷолибу замонавӣ таҳия гардида, ҳар як иштирокчиро ба иштироки фаъолона ҳавасманд месозанд.
Ҳамзамон, дар доираи маҳфил донишҷӯён бо имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар, барномаҳои мубодилавӣ, грантҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ шинос мегарданд. Ин раванд барои ташаккули ҷаҳонбинии васеъ, рушди малакаҳои касбӣ ва омодагӣ ба рақобат дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маъмурияти донишгоҳ пайваста талош менамояд, ки барои донишҷӯён муҳити таълимии байналмилалӣ ва имкониятҳои фарогир фароҳам оварад. Ташкили чунин маҳфилҳо қадами устувор дар самти рушди неруи зеҳнии ҷавонон ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир ба шумор меравад.
Ба маҳфили забони англисӣ ҳамроҳ шавед, дониши худро такмил диҳед ва дарҳои имкониятҳои навро ба сӯи ояндаи дурахшон боз намоед!
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/