Дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷӣ маҳфили донишҷӯён таҳти унвони «Забоншинос» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ устодон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Ҳадафи асосии баргузории маҳфил баланд бардоштани сатҳи маърифат, рушди фарҳанги сухан ва такмили малакаҳои забондонии донишҷӯён арзёбӣ гардид.
Зимни маҳфил донишҷӯён бо маърузаҳои ҷолиб дар мавзуъҳои «Зан – модар, тоҷи офариниш» ва «Наврӯз – мероси бебаҳо» баромад намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои муҳими фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҷалб намуданд. Баромадҳо бо муҳокимаҳои фаъол ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён ҳамроҳ гардиданд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ, таҳкими эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва рушди қобилияти суханварии ҷавонон нақши муҳим доранд.
Дар фарҷоми маҳфил иштирокчиён бо пешниҳоду андешаҳои худ баромад намуда, баргузории чунин нишастҳои илмӣ-фарҳангиро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/