735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

САҲМГУЗОРӢ ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ СОЗАНДАГӢ: БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГИЮ ОБОДОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати давлатии созандагию ободонӣ ва дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тозагию ободонӣ дар фазои мутантан баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии шаҳрвандӣ фаъолона иштирок намуда, ҳудуди донишгоҳ, саҳни биноҳо, боғчаҳо, гулгаштҳо ва роҳравҳои атрофро аз партовҳо поксозӣ карданд. Бо ин иқдом, онҳо дар фароҳам овардани муҳити тозаву озода ва мутобиқ ба талаботи санитариву экологӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Аксияи мазкур таҳти шиори
«Тозагии муҳити зист – саломатӣ, фарҳанг ва масъулияти ҳар фарди меҳан аст!»
баргузор гардида, ба баланд бардоштани маърифати экологӣ, таҳкими фарҳанги шаҳрдорӣ ва густариши ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ миёни иштирокчиён мусоидат намуд.

Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсафи илмӣ-таълимӣ, бо дарки масъулияти иҷтимоии худ, дар татбиқи сиёсати созандагию ободонӣ пайваста саҳмгузорӣ намуда, ҷиҳати ташаккули муҳити солими таълимӣ ва зебо нигоҳ доштани фазои муассиса тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима