735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМИИ «ФИЗИКОН ВА МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОН»

Бо ташаббуси кафедраи илмҳои табиӣ-риёзӣ дар толори китобхонаи илмии донишгоҳ маҳфили илмии «Физикон ва математикони ҷавон» бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади рушди тафаккури мантиқӣ, тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ташкил гардида, барои табодули афкор миёни муҳаққиқони навкор ва олимони ботаҷриба заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар ҷараёни маҳфил иштирокчиён бо маърӯзаҳои илмӣ дар мавзуъҳои мубрами физика ва математикаи муосир баромад намуда, роҳҳои татбиқи илмҳои дақиқро дар шароити ҷомеаи рақамӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни музокираҳо таъкид гардид, ки нақши илмҳои табиӣ-риёзӣ дар рушди технологияҳои инноватсионӣ калидӣ буда, омӯзиши амиқи ин самтҳо барои омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва сатҳи байналмилалӣ аҳамияти махсус дорад.

Дар фарҷоми чорабинӣ зикр карда шуд, ки фаъолияти мунтазами маҳфили «Физикон ва математикони ҷавон» дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва бедор намудани шавқу рағбати донишҷӯён ба ихтироъкорӣ нақши муҳим мебозад.

Чунин ташаббусҳо барои тақвияти қобилияти таҳлилӣ, рушди тафаккури эҷодӣ ва омода намудани ҷавонон ба иштирок дар озмуну ҳамоишҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мусоидат намуда, нуфузи илмии донишгоҳро боло мебардоранд.

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима