735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ БО САФИРИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР ТОҶИКИСТОН

7 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафир – Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дарски Радослав баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва густариши инфрасохтори рақамиро баррасӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба раванди амалисозии лоиҳаҳое равона гардид, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда истодаанд.

Аз ҷумла, фаъолияти лоиҳаҳои амалишуда, ба монанди «C4CA» ва «CIVIT Registry», мавриди арзёбии баланд қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки ин ташаббусҳо дар рушди инфрасохтори рақамӣ ва низоми захираҳои иттилоотии давлатӣ саҳми назаррас гузошта, барои такмили идоракунии давлатӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо раванди омодасозии санади ҳамкорӣ бо e-Governance Academy-ро баррасӣ намуда, таъкид карданд, ки ба имзо расидани ин санад имконият фароҳам меорад, то таҷриба ва дониши пешрафтаи аврупоӣ дар самти ҳукумати электронӣ ба таври назаррас ҷалб гардад.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ иброз намуданд.

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима