Дар кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон семинари илмӣ-методӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи семинарҳои илмии кафедра дар китобхонаи ин боргоҳи илм доир гардида, дар он ҳайати омӯзгорони кафедра фаъолона иштирок намуданд.
Дар рафти семинар як қатор мавзуъҳои мубрами илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, маърузаҳо дар мавзуъҳои “Забон ва ҳуқуқҳои фитрии он” ва “Интерференсия ҳамчун сарчашмаи иштибоҳ дар нутқи донишҷӯён” пешниҳод гардида, ҷиҳатҳои назариявӣ ва амалии масъалаҳои матраҳшуда таҳлил карда шуданд.
Иштирокчиён зимни муҳокимаи мавзуъҳо андешаҳои худро иброз дошта, доир ба такмили корҳои тадқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳи омӯзиши фанҳои забоншиносӣ пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.
Дар ҷамъбасти семинар таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-методӣ барои рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотии омӯзгорон, такмили маҳорати касбӣ ва баланд бардоштани сифати таълим нақши муҳим дорад.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/