735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

СЕМИНАРИ ИЛМИИ КАФЕДРАИ «ИДОРАИ МОЛИЯ» ДАР МАВЗУИ ГАРДИШИ ҒАЙРИНАҚДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД


Дар доираи нақшаи чорабиниҳои илмии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, бо ташаббуси кафедраи «Идораи молия» семинари илмӣ баргузор гардид. Дар он омӯзгори кафедра Валиев Исмоил Субҳонқулович дар мавзуи «Мазмун, аҳамият ва сохтори асосии ташкили гардиши ғайринақдӣ дар шароити рушди иқтисоди бозорӣ» баромад намуд.
Маърӯзачӣ қайд кард, ки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ пардохтҳое мебошанд, ки бе истифодаи пули нақд анҷом ёфта, тавассути расиди бонкӣ, кортҳои бонкӣ, воситаҳои электронӣ, супоришномаҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ сурат мегиранд. Татбиқи пурраи ин низом имкон медиҳад, ки шаффофияти амалиётҳои молиявӣ таъмин, буҷети давлатӣ ғанӣ ва таъсири омилҳои коррупсионӣ коҳиш дода шавад. Ҳамзамон, аҳолӣ имкон пайдо мекунад, ки бидуни ташриф ба марказҳои хизматрасонӣ, пардохтҳои худро бо роҳи осон ва босуръат анҷом диҳад.


Дар қисмати музокирот мудири кафедраи «Идораи молия», номзади илмҳои иқтисод, дотсент Акимов С.М. баромад намуда, зикр кард, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» (аз 22 июни соли 2023, №586) ба рушди ин соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Мувофиқи фармони мазкур, аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, хизматрасониҳои тиббӣ ва коммуналӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ танҳо тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.


Ин иқдоми саривақтӣ барои таъмини самаранокии амалиётҳои молиявӣ, пешгирии коррупсия ва баланд бардоштани раддабандии байналмилалии кишвар заминаи мустаҳкам мегузорад.
Ҳадафи асосии семинар таҳлили илмии моҳияти гардиши ғайринақдӣ ва муайян намудани хусусиятҳои ташкилии он дар шароити муосир мебошад. Семинар бо муҳокимаи фаъоли иштирокчиён ва пешниҳоди тавсияҳои илмӣ-амалӣ ҷиҳати такмили низоми молиявии кишвар ба поён расид.
Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима