735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ ОМИЛИ МУҲИМИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ


Таҳти ҳамин ном санаи 08.12.2025 дар толори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия», ки ҳамасола санаи 9- уми декабр таҷлил мегардад, баргузор гардид.
Дар кори конференсияи мазкур раёсати донишгоҳ, роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумии шаҳри Кӯлоб, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.
Зимни баромадҳо зикр гардид, ки воқеан ҳам коррупсия аз замонҳои қадим то ба имрӯз яке аз зуҳуроти манфӣ ва аз монеаҳои асосӣ дар роҳи муваффақона амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ба шумор рафта, рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро боз медорад.
Ҳамин аст, ки барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия 31 октябри соли 2003 “Конвенсияи СММ зидди коррупсия” қабул шуда, санаи 9 декбари соли 2003 дар конфронси байналмилалӣ зиёда аз 100 давлати дунё ин конвенсияи байналмилалиро ба имзо расониданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур ҳамроҳ шуд.
Бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ 10 январи 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсус гардонида шуда таъсис дода шуд. Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати ин зуҳуроти номатлубро дар суханрониву мулоқотҳо махсусан таъкид менамоянд. «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Мо аҳли ҷомеаро низ зарур аст, ки дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем ва софдилона ба халқу ватан хизмат намоем. Танҳо дар ин сурат ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад, метавон ноил гашт.
Дар идомаи кори конференсия маърӯзаҳои зерин шунида шуданд:
Қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва муқовимат ба
коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
подполковники адлия Розиқзода Алихони Абдулҳаким -
сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии
назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб;
Нақши маориф ва илм дар ташаккули фарҳанги
зиддикоррупсионӣ.
подполковники милитсия Нуруллозода Меҳрулло -
сардори Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб
Таъсири манфии коррупсия ба тарбияи сиёсии ҷавонон. Мирзоев Некқадам Сайдамирович - омӯзгори Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ.
Омилҳои ба вуҷуд омадани коррупсия дар таҳсилоти олии кишвар ва механизмҳои паст намудани он.
Боронова Рухшона Абдурасуловна - мудири кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
Баъд аз шунидани андешаву маърузаҳо кори конференсия натиҷагири карда шуда бо таклифу пешниҳодҳо қарори якдилона қабул карда шуд.

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима