Парчам рамзи озодӣ, садоқат, рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору ору номуси ватандорист. Мардуми мо бо ин ифтихорот ҷилваи парчами сарбафалаки хешро рамзи ҳувияту огоҳии миллӣ дониста, ба ин рамзи муқаддас шукронаву арҷгузорӣ доранд.
Замоне чун рамзи мубориза алайҳи золимон онро Дирафши Ковиёнӣ хонда, бо зару зевар ҷило дода, мояи ифтихор донистаанд. Бо ин ҳама ҷаззобият онро бо вожаҳои асили қадимаи тоҷикӣ «парчаму дирафш» хондаанд, ки ин рамзи озодӣ ва давлатдории таърихии мо будааст. Боиси ифтихор аст, ки дар пойтахти азизи тоҷикон, шаҳри Душанбе, майдонҳои Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ ҳамчун рамзи таҷассумгари истиқлоли давлатӣ номгузорӣ шудаанд.
Инчунин, бо ифтихор мегӯем: ҳар касеро ки фазилати ифтихор аз истиқлол ва ҳувияти миллӣ муяссар гардида бошад, ӯ фарзанди фарзонаи миллат аст. Парчами миллии мо нишонаи пойдории давлату ҳувият ва эҳтироми он, эҳтироми миллати тоҷик ва Тоҷикистони азиз мебошад. Дарвоқеъ, Тоҷикистон ҷаннати рӯи замин ва зеботарин Ватани аҷдодии мост, ки замоне мардуми он зери таъқибу фишори носипосон қарор гирифта буд.
Аммо файзи истиқлол ба машоми миллати мо насими боди озодиро ҳадя кард. Имрӯз бо ин ҳама соҳибхирадӣ ва истиқлолхоҳӣ барои миллати мо замоне фаро расидааст, ки ифтихори Парчаму Нишон ва ҷасорати ҳимояи марзу буми Ватанро дошта бошем. Пас, ҳикмати парчами миллӣ эҳёи хотираи таърихӣ ва нишони соҳибдавлатию мустақилияти миллии тоҷик аст.
Омӯзишу шинохти парчами миллӣ василаи пайдо намудани андешаву ҳувият ва устувории пояҳои давлати миллист. Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад.
Махсусан, дар ҳаёти мардуми эронинажод пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. «Парчам» вожаи суғдӣ («parčam») аст, ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худи дирафш низ гуфта шуд. Парчамро бо вожаҳои дирафш, алам, байрақ, ливо, роят ифода менамуданд.
Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар «Авесто» омадааст.
Чунончи, дар нахустин фаргарди «Видевдод» аз шаҳри Балх, ки пойтахти Кави Виштосп – пуштибони Зартушт буд, чунин ёд шудааст: «Baxδim sriram ərəδβō.drafša-», яъне «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта». Ҳамчунин дар «Авесто» чанд бор ҳам аз «дирафши говпайкар» — «gaoš drafša-» ва «дирафшҳои душманони ориёиҳо» ёд шудааст.
Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз тавонист, ки эҳсоси гарми ватандориро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор созад ва миллатро ба сӯи фардои ободу осуда раҳнамоӣ кунад. Мардуми шарифи кишвар таҳти Парчами давлатӣ раванди ободкориву созандагиро оғоз намуда, то ба имрӯз дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд ва ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони истиқлолият содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Имрӯз мо, омӯзгорони кишвар бояд Парчами давлатиро ҳамчун нахустин нишони муқаддаси давлат, сулҳу субот қадр намоем. Чунки он рамзи ҳувият, давлатдорӣ, ягонагии халқҳои ин сарзамин аст. Парчам ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст, зеро парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Дар зимни ин гуфтаҳо манзумаи мазкурро ба диққати хонандагон вомегузорам, ки дар ситоиши Парчами миллию давлатии Тоҷикистон суруда шудааст:
Сарбаландиву шукӯҳу ифтихорам парчам аст,
Рамзи кишвар, парфишонии диёрам парчам аст.
Аз замони Кова мерос аст парчам баҳри мо,
Як нишони ин диёри номдорам парчам аст.
Шарипова Розиямо Саидхоҷаевна
Ассистенти кафедраи молияи рақамӣ, аудит ва блокчейн техналогияҳои таҳлили додаҳо
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/