735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

ПАРЧАМ ВА ҶОЙГОҲИ ЗАНИ ТОҶИК ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ НАСЛИ НАВРАС


Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдории навин мебошад. Он дар худ таърихи қадимаи тоҷикон, оромонои истиқлол, арзишои фарҳангӣ ва рўҳияи пешрафту созандагиро таҷассум мекунад. Ҳамасола Рўзи 24 ноябр дар кишвари азиз Рӯзи Парчами давлатӣ таљлил мегардад ва ин рўз барои мардуми кишвари мо на тано ҷашни рамзи давлатӣ, балки ҷашни худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорист.
Аммо дар тўли таърих ва махсусан дар даврони истиқлол нақши занони тоҷик дар арҷгузорӣ ба рамзои давлатӣ ва таъмини суботи ҷомеа бениҳоят бузург буд. Занон дар фарҳанги тоҷикон хамеша ҳамчун нерўи созанда, тарбиятгар, химоятгар ва нигоҳубини оину арзишҳо ҷой доштанд. Дар даврони навин ин нақш боз ҳам пуррангтар гардида, онҳо ба пешрафти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси ватандўстии ҷавонон саҳми муҳим мегузоранд.
Дар ҷомеаи имрўзаи тоҷик, ки ба рушди устувор ва созанда нигаронида шудааст, нақши зан дар таҳкими худшиносии миллӣ барҷаста аст. Дар хона, мактаб, ҷамъият ва корхона махз зан аст, ки аввалин дарси муҳаббат ба ватан, забон, парчам ва дигар рамзҳои давлатдориро ба фарзанд меомўзад. Дар солҳои душвор тавассути хирад, сабр, меҳру муҳаббат ва масъулияти иҷтимоӣ тавонистанд сулҳу оромиро дар оилаҳо нигоҳ доранд, фарзандонро бо роҳи дониш ва ваҳдат раҳнамоӣ кунанд ва дар бунёди Тоҷикистон нақши муасире гузоранд.
Ҳамин боис гардид, ки имрўз занони тоҷик дар арсаи сиёсати давлатӣ низ нақши фаъол дошта ба ҳайси вакилони мардумӣ, олимон, роҳбарони муассисаҳо, намояндагони бахши иқтисодӣ, соҳибкорон ва фаъолони ҷомеа интихоб мегарданд. Онҳо бо вуҷуди масъулиятҳои баланд доштанашон тавонистанд, ки дар рушди кишвар ва арҷи рамзҳои ҳуқуқии давлат саҳми назаррас гузоранд.
Ҳар модари тоҷик, вақте фарзандонашро бо ранги парчам, бо суруди миллӣ, бо қиссаҳои таърихии ниёгон шинос мекунад, ў натанҳо тарбия медихад- ў фарҳанги миллиро идома медихад, онро зинда медорад ва ба наслҳои оянда месупорад.
Занҳои тоҷик дар арсаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳангу ҳунар, сиёсати иҷтимоӣ ва хизмати давлатӣ бо фаъолияти босамари худ таъмини эътибори рамзҳои давлатиро ташвиқу тарғиб намудаанд. Онҳо бо кору заҳмати худ собит кардаанд, ки парчам танҳо матоъ балки рамзи заҳмати содиқонаи ҳар шаҳрванди ин сарзамин Тоҷикистон мебошад.
Се ранги парчам- сурх, сафед ва сабз ба фарҳанг, таърих, зеҳният ва орзўҳои мардум пайванди ногусастани доранд. Сурх рамзи шуљоату қаҳрамонӣ, сафед тимсоли покизагӣ ва адолат, сабз нишони сабзиши зиндагӣ, ободӣ ва умед аст. Тоҷи тиллоӣ ва ҳафт ситора низ рамзи давлатдории тоҷикон, соҳибистиклолӣ ваҳдату осоиш, рушд ва ифтихори миллат аст.
Зани тоҷик имрӯз хизматчии давлатӣ, коргар, табиб, омўзгор, соҳибкор, хоҷагидор, саноатчӣ бо парчами худ ифтихор менамояд.
Аз ҳамин лиҳоз, Рўзи Парчами миллӣ барои занҳои тоҷик на танҳо ҷашни давлатӣ балки ҷашни ҳувият, шараф, масъулият ва созандагӣ мебошад. Зеро онҳо дар баробари мардон барои муқаддас будани ин рамз кўшиш мекунанд ва дар ниҳоди фарзандони худ маънии онро ҷой медиҳанд. Зани тоҷик имрўзҳо идомадиҳандаи фарҳанги бостонӣ, ҳимоятгари забон, тарбиятгари фарзандон мебошанд.

МУХТОРЗОДА САДАФМО - мудири шуъбаи
кор бо занон ва донишҷӯдухтарони
Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои
рақамии Тоҷикистон

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима