Дар ҳошияи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба эълон гардидани «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияти худшиносию худогоҳии миллӣ», инчунин дар заминаи амалисозии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва мутобиқсозии он ба талаботи муосири ҷаҳонӣ, санаи 8 апрели соли 2026 дар назди факултети технологияҳои компютерӣ ва амнияти киберии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ ба истифода дода шуд.
Ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур ҳамчун иқдоми муҳим ва саривақтӣ дар самти татбиқи технологияҳои рақамӣ ва муосирсозии раванди таълим арзёбӣ гардида, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
Қобили зикр аст, ки озмоишгоҳи мазкур дар доираи ҳамкории донишгоҳ бо истеҳсолот, бо мақсади таҳкими робитаи илм бо амалия ва тавсеаи донишҳои амалии донишҷӯён, дар заминаи лоиҳаи «Neru» аз ҷониби ширкати NETS Solution бо маблағи умумии 400 ҳазор сомонӣ таъмири капиталӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ ва технологияҳои пешрафтаи иттилоотию коммуникатсионӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Ҳамзамон, дар доираи озмоишгоҳ 26 адад камераҳои назоратии ҳушманд (Smart) насб ва ба истифода дода шудаанд, ки барои баҳисобгирии дақиқи даромаду баромади кормандону донишҷӯён, назорати раванди ҳузур ва сабти автоматии маълумот дар табели кормандон ва журналҳои академӣ хизмат менамоянд. Ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи шаффофият, интизоми меҳнат ва самаранокии идоракунии раванди таълим мусоидат мекунад.
Ҳадафи асосии таъсиси озмоишгоҳ фароҳам овардани муҳити муосири таълимӣ барои азхудкунии донишҳои амалӣ, рушди тафаккури таҳлилӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии донишҷӯён дар бозори меҳнати дохилию байналмилалӣ мебошад.
Дар доираи фаъолияти озмоишгоҳ, донишҷӯёни равияҳои зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва молия имконият пайдо мекунанд, ки бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, таҳлили додаҳои калон (Big Data), омӯзиши мошинӣ (Machine Learning) ва дигар воситаҳои рақамӣ, донишу малакаҳои касбии худро такмил диҳанд.
Илова бар ин, озмоишгоҳ ҳамчун платформаи муосири илмӣ-тадқиқотӣ хизмат намуда, барои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, баргузории таҳқиқоти илмӣ, рушди стартапҳо ва густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмӣ ва бахши истеҳсолӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Бешубҳа, таъсиси чунин озмоишгоҳ қадами устувор дар роҳи гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ва рушди зеҳни инсонӣ буда, дар тарбияи мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир нақши муҳим хоҳад бозид.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/