Дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-методӣ таҳти унвони «Такмили маҳорати касбии омӯзгорони забони англисӣ: усулҳои нави таълими забони англисӣ» дар фазои созандаи касбӣ ва мубодилаи таҷриба баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии омӯзгорон, татбиқи усулҳои муосири таълим, густариши истифодаи технологияҳои рақамӣ ва тақвияти малакаҳои муоширати педагогӣ арзёбӣ гардид. Чорабинӣ асосан дар шакли муоширати озод, мубодилаи афкор ва баррасии таҷрибаҳои амалӣ баргузор шуда, ба иштирокдорон имконият фароҳам овард, то андешаҳои худро озодона баён намуда, роҳҳои муассири беҳтарсозии раванди таълими забони англисиро мавриди таҳлил қарор диҳанд.
Дар кори чорабинӣ ректори донишгоҳ, дотсент Шаҳриёр Саъдуллозода иштирок намуда, зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технология омӯзгор бояд пайваста дониш ва малакаҳои худро такмил дода, аз усулҳои навтарин ва самараноки таълим истифода намояд. Мавсуф ҳамчунин аҳамияти баргузории чунин вохӯриҳои касбиро дар баланд бардоштани сифати таълим муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, директори маркази «ZABONOMUZ» ва «BeeOmuz» Шарифхон Носирӣ низ дар чорабинӣ иштирок намуда, оид ба таҷрибаҳои муосири омӯзиши забонҳои хориҷӣ, роҳҳои тақвияти малакаҳои нутқӣ ва истифодаи усулҳои интерактивӣ дар раванди таълим андешаҳои муфид баён карданд.
Дар ҷараёни муоширати озод масъалаҳои муҳими вобаста ба такмили усулҳои таълими забони англисӣ, ҷалби донишҷӯён ба раванди дарс, истифодаи захираҳои рақамӣ, ташкили муҳити муосири таълим ва баланд бардоштани сатҳи дониши забонӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Иштирокдорон бо пешниҳоди таҷрибаҳои шахсӣ ва мисолҳои амалӣ роҳҳои муассири татбиқи усулҳои инноватсиониро пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба 30 нафар омӯзгороне, ки аз курсҳои такмили ихтисоси забони англисӣ бомуваффақият гузаштанд, сертификатҳо тақдим карда шуданд. Ин иқдом ҳамчун нишонаи қадрдонӣ аз талошҳои омӯзгорон дар самти рушди касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии онҳо арзёбӣ гардид.
Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди муҳити илмию таълимӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дохилидонишгоҳӣ мусоидат намуда, заминаи мусоидро барои баланд бардоштани сифати таълим фароҳам меорад.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/