735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

ПРЕЗИДЕНТ ҲАМЧУН КАФИЛИ КОНСТИТУТСИЯ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ


Санаи 16 ноябр дар саросари кишвари мо Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои мардуми сарбаланди мо хеле азизу гиромист. Тамоми муносибатњо дар қиёс хубтар фаҳмида мешавад. Мо бояд донем, ки дирӯзи мо чӣ гуна буд ва имрӯз ба чи мувафақиятҳо ноил гардидем. Сарнавишт дар як замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намояд. Ин шахс Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар ибтидои солҳои 90-и садаи ХХ Тоҷикистони азиз ба даргириҳои шадид дучор шуда буд. Дар натиҷа ҷомеаро ҳисси яъсу ноумедӣ, нобоварӣ ба фардо, ғорату дуздӣ, хунрезӣ, гуруснагӣ фаро гирифт ва як қисми мардуми мо ночор ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуда, гуреза шуданд.
Дар чунин вазъияти ҳассос шахсият ва роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки тамоми нерӯи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона созад, ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад.
Худованд чунин шахсро ба миллати тоҷик ато фармуд. Эмомалӣ Раҳмони ҷавон 33 сол ќабл дар Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ савганд ёд намуд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меорад, то охирин муҳоҷирро ба Ватан бармегардонад ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ мекунад.
Пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугӯҳои созанда бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муяссар шуд, ки ба ивази гарави ҷони худ ваҳдату сулҳро дар кишвар барқарор намояд.
Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин сарвари худро аз ҷон бештар дӯст дӯст дошт, ба ӯ бовар намуд ва ояндаи кишварро ба он кас супурд ва дар ин кор хато накард.
Имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва Душанбе ба пойтахти чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Ин рӯзи муборакро ба тамоми сокинони кишварамон, табрик гуфта,  ба Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва сиҳҳатии комил ва ба мардуми Тоҷикистон суботу амнияти пойдор ва рушду тараққии устуворро дар партави сиёсати хиарадмандонаи пешвои муаззами миллат таманно менамоям.
Муродалиев Баҳодур Нуралиевич – саромўзгори кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарии Донишгоҳи инноватсия ва технлогияҳои рақамии Тоҷикистон переводите тоже

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима