Исозода Собир Қурбон
Муовини ректор оид ба илм ва рушди рақамии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
Номзади илмҳо (аз рӯйи самти физика), дотсент. Айни ҳол ҳамчун муовини ректор оид ба илм ва рушди рақамии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
14 декабри соли 1983
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номзади илмҳо
Маълумот
Исозода Собир Қурбон 14 декабри соли 1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик буда, соҳиби маълумоти олӣ мебошад.
Номзади илмҳо (аз рӯйи самти физика), дотсент мебошад.
Соли 2006 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бо ихтисоси физик-омӯзгор хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Лаборанти калони кафедраи «Физикаи умумӣ».
Муаллими кафедраи «Физикаи умумӣ».
Саромӯзгори кафедраи «Электротехнология ва физикаи умумӣ» филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб.
Саромӯзгори кафедраи «Электротехнология ва физикаи умумӣ» Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб.
Мудири шуъбаи тарбия назди факултети «Муҳандисӣ-энергетикӣ».
Ҷонишини декан оид ба таълими факултети муҳандисӣ-энергетикӣ.
Декани факултети муҳандисӣ-энергетикӣ, ҳамзамон дотсенти кафедраи шабакаҳои барқӣ ва физикаи умумӣ.
Муовини ректор оид ба илм ва татбиқоти Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб.
Сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогии МДТ «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ».
Дотсенти кафедраи фанҳои табиӣ-риёзии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон.
Муовини ректор оид ба илм ва рушди рақамии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон.