Ҳусайнзода Аминҷон Бурихон
Муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ-методии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
Номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент. Айни замон дар вазифаи муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ-методии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
26 ноябри соли 1986
ноҳияи Восеъ
Номзади илмҳои сиёсӣ
Маълумот
Ҳусайнзода Аминҷон Бурихон 26 ноябри соли 1986 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент.
Соли 2013 Донишкадаи идоракунии давлатию маҳаллии шаҳри Москваи Федератсияи Россияро аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм намудааст.
Соли 2021 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Таъсири омилҳои динӣ ба равандҳои сиёсӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ гардидааст.
Соли 2022 бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
Донишҷӯи Донишкадаи идоракунии давлатию маҳаллии шаҳри Москваи Федератсияи Россия.
Ассистенти кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ-методии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон.
Фаъолияти илмӣ
Ҳусайнзода Аминҷон Бурихон муаллифи 2 монография, 4 китоби таълимӣ (васоити ва дастурҳои таълимӣ), зиёда аз 30 мақолаи илмӣ, як қатор мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва барномаҳои таълимӣ мебошад.
Монографияҳо
«Таъсири омилҳои динӣ ба равандҳои сиёсӣ» — Душанбе, 2023
«Омилҳои динӣ дар раванди тағйирёбии сиёсати ҷаҳонӣ» — Душанбе, 2024
Китобҳои таълимӣ
«Ҳуқуқи байналмилалӣ» — Душанбе, 2025
«Танзими ҳуқуқӣ ва механизми идоракунии муқовимат ба коррупсия» — Кӯлоб, 2025
«Психологияи сиёсӣ» — Душанбе, 2026