735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ОЯНДАИ БАРНОМАСОЗӢ»

Дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи технологияҳои барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва ояндаи барномасозӣ: аз рамзгузории дастӣ то автоматизатсия» дар фазои илмӣ-фарҳангии баланд баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар толори китобхонаи донишгоҳ доир гардида, дар он ҳайати устодон, донишҷӯён ва дигар иштирокчиёни ҳавасманд фаъолона ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии баргузории мизи мудаввар баррасии масъалаҳои мубрами марбут ба рушди зеҳни сунъӣ, нақши он дар пешрафти барномасозӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар низоми таҳсилот ва истеҳсолот арзёбӣ гардид. Зимни баромадҳо зикр шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавии босуръати технологияҳо, зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои калидии рушди иқтисоди рақамӣ табдил ёфтааст.

Иштирокчиён доир ба имкониятҳо ва чолишҳои марбут ба истифодаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла автоматизатсияи равандҳои барномасозӣ, баланд бардоштани самаранокии кор ва таҳияи барномаҳои интеллектуалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба омодасозии мутахассисони рақобатпазир, такмили барномаҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои навини таълим равона гардид. Қайд гардид, ки донишгоҳ ҷиҳати мутобиқ намудани раванди таълим ба талаботи бозори меҳнат ва рушди технологияҳои рақамӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар қисмати муҳокимавӣ иштирокчиён саволу пешниҳодҳои худро иброз намуда, зарурати ҳамгироии илму истеҳсолот ва истифодаи самараноки технологияҳои инноватсионӣ таъкид гардид. Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки чунин нишастҳои илмӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш, тақвияти тафаккури эҷодӣ ва рушди малакаҳои касбии донишҷӯён мусоидат намуда, заминаи устувор барои омодасозии мутахассисони соҳибкасб фароҳам меоранд.

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима