735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

ГУЗАРОНИДАНИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР ДИТР

ГУЗАРОНИДАНИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР ДИТР
Бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар китобхонаи муассиса даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Озмуни мазкур миёни донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён, омӯзгорон, ходимони илмӣ ва кормандони донишгоҳ доир гардида, ба ҳайси яке аз иқдомҳои муҳими маърифатӣ ва фарҳангӣ баҳри эҳё ва тарғиби мероси гаронбаҳои адабии ниёгон роҳандозӣ шуд. Ҳадафи асосии баргузории озмун — баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ, густариши ҷаҳонбинии маънавии ҷомеа, инчунин рушди малакаҳои суханварӣ ва қироати бадеии иштирокчиён мебошад.
Дар раванди озмун иштирокчиён аз рӯи қироати порчаҳо аз асари безаволи «Шоҳнома», шарҳу тавзеҳи муҳтавои он, дарки амиқи мазмун ва маҳорати суханронӣ бо ҳам рақобат намуданд. Қобили зикр аст, ки аксари иштирокчиён бо омодагии ҷиддӣ, маҳорати баланди қироат ва дониши хуби адабӣ баромад намуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳои арзанда гирифтанд.
Ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва мутахассисони соҳаи адабиёт ва фарҳанг иборат буд, ба баромадҳои иштирокчиён аз рӯи меъёрҳои муайяншуда — саҳеҳии қироат, фаҳмиши мазмун, ифодаи бадеӣ ва ҳунари суханварӣ — баҳогузорӣ намуд.
Бояд таъкид кард, ки баргузории чунин озмунҳо дар шароити соҳибистиқлолии кишвар барои таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани завқи маънавии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба омӯзиши осори классикии адабиёти тоҷик, бахусус «Шоҳнома», аҳамияти махсус дорад.
Дар фарҷоми озмун иштирокчиёни фаъол ва сазовор муайян гардида, беҳтаринҳо бо нишон додани сатҳи баланди дониш ва маҳорати суханварӣ ба даври навбатии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳхат гирифтанд.
Раёсати илм ва инноватсия минбаъд низ баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-фарҳангиро идома дода, барои баланд бардоштани маърифати миллӣ ва рушди зеҳнии ҷавонон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима