735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

ТАБРИКОТИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Муҳтарам ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Бо самимияти бепоён Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни шукӯҳманди аҷдодӣ – Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, бароятон сиҳативу саломатӣ, хушбахтиву хушҳолӣ, сарбаландиву пирӯзӣ ва дар фаъолияти пуршарафатон барору комёбиҳо таманно менамоям.

Мояи ифтихору сарфарозист, ки Наврӯз дар фазои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Роҳбарияти олии кишвар эҳёи тоза пайдо намуда, ба сатҳи ҷашни умумимиллӣ ва байналмилалӣ расидааст. Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин ҷашни таърихӣ мақоми шоиста касб намуда, ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ ва пайванди наслҳо дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз муассисаҳои пешбари таълимии кишвар, самараи даврони истиқлол ва сиёсати маорифпарваронаи давлат ба ҳисоб рафта, ҳамасола ҷашни Наврӯзро бо руҳияи баланди миллӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои неки ниёгон таҷлил менамояд.

Дар остонаи ин иди зебову пурмаънӣ, ҳайати донишгоҳ ҳамқадам бо мардуми кишвар ба корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузор буда, барои рушди илму маърифат, технологияҳои муосир ва шукуфоии Ватани азиз талош менамояд. Наврӯзи имсола бо паёми навсозӣ, эҳёи табиат ва умед ба фардои дурахшон фаро расида, моро ба сӯи амалисозии ормонҳои неку созанда ҳидоят менамояд. Бигзор ин ҷашни фархунда ба ҳар як хонадони Шумо баракату фаровонӣ, шодиву нишот ва комёбиҳои тоза оварад. Иди байналмилалии Наврӯз муборак бод! Раёсати Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима