(Ба муносибати 24 – ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳамасола 24-уми ноябр таҷлили иди пуршукуҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Эҳтиром овардан ба арзишҳои миллӣ, ки яке аз он Парчами давлатӣ мебошад, ин ифодагари миллӣ, пойдории давлату миллат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқ аст. Мардуми шарафманди тоҷик дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатиро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҳамеша муқаддас медорад ва таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи созанда дар фазои ваҳдату якдилӣ сӯйи эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва шукуфоиҳои аз ин бештари ватанамон қадам мегузорад.
Парчамдории миллати тоҷик, таърихи қадимӣ дошта, бо давлатдории замонҳои Пешдодиён, давлатдории Куруши Кабир, Ҳахоманишиҳо (Дирафши ковиён), Сосониён, Кӯшониён, Сомониён, ба қавле зиёда аз 30-ҳазорсола ҳамсафар, муттаҳидкунандаи миллат ва дорандаи давлати миллӣ будааст. Худи сермаъноии вожаи «парчам» ва муродифоти он таърихи қадимӣ доштани давлатдории тоҷиконро бозгӯ менамояд. Аз калимаҳои ҳаммаънои байрақ, дирафш, роят, ливо ва парчам маълум мегардад, ки он дар ҳар давраи таърихӣ рамз, ном, намо, ҳадаф ва хосияти ба худ хос ва дар давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи умра доштааст.
Ба ҳамин маъно Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда буданд, ки «ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноӣ аст, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Дар ҳамагуна давлату давлатдории ҷаҳон парчам яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта дар байни мардум бо номҳои алам ва байрақ низ машҳур будааст. Калимаи байрақ туркӣ буда, маънояш – роят, парчам, ливо, дирафш мебошад ва дар байни халқ солҳои дароз маъмулу мақбул гаштааст. Эҳтироми хоса ба Парчами давлатӣ дар замони истиқлолияти комили Тоҷикистон имкон дод, ки дар баробари дигар рӯзҳои таърихӣ рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шавад. Парчами давлатӣ имрӯз боарзиштарин муқаддасоте мебошад, ки боло аз ҳама дастовардҳо ва сарватҳои миллӣ дар баландии 165 метр қад афрохтааст. Дар ҳақиқат боло бардоштани Парчами давлатӣ ва намудор шудани он аз ҳамаи гӯшаи пойтахти давлати тоҷикон ба боло рафтани ҳисси миллӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.
Воқеан парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд. Дар он рангҳои сурх, сабз ва сафед ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситораҳо ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ, инъикоси худро ёфтаанд. Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд.
Вақте варзишгарони тоҷик дар ин ё он мусобиқаҳои байналмиллалӣ ғалаба ба даст меоранд ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта мешавад, қалби ҳар як шахси ватандӯстро ҳисси фараҳу шодӣ фаро мегирад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба арҷгузории мардуми тоҷик нисбати ин муқаддасоти миллӣ нигоҳ карда, намояндагони дигар халқияту миллатҳои муқими ҷумҳурӣ бо боло бардоштани Парчами Тоҷикистон ҳамраъйии худро ба халқу давлати Тоҷикистон нишон медиҳанд. Дар сохтмонҳои навбунёд, сафоратхонаю идораҳои консулгарӣ, лоиҳаҳои инвеститсионии ташкилотҳои байналмилалӣ парчами давлатҳои бо Тоҷикистон ҳамкоридошта дида мешавад, ки ба натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба зинат мебахшад. Дар ғарибӣ ва ҳолатҳои берун аз ватан будан ҳангоми рӯ ба рӯ омадан ба Парчами давлатии Тоҷикистон кас гӯё бо ҳамватани худ, гӯё бо як тоҷики асил вомехӯрад. Лаҳзае истода, эҳтироми онро баҷо меорад ва ёди ватани азизу маҳбуб мекунад.
н.и.и. Абдурашидова Умеда - мудири кафедраи менеҷмент ва техналогияҳои молиявии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/