Ташаккули ҳар як миллат бо истиқлолият ва озодӣ ҳамчун шартҳои асосии ҳастии он алоқаманд аст. Бе ин арзишҳо ҳеҷ як халқ наметавонад соҳиб ва муҳофизатгари ҳақиқии сарватҳои табиӣ ва таърихии худ бошад. Мардуми Тоҷикистон, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ соли 1991 соҳибистиқлол гардиданд, таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо такя ба суннатҳои таърихӣ ва таҷрибаи кишварҳои пешрафта, ба бунёди давлати муосир иқдом намуданд.
Ба ҳамин хотир, ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз пояҳои асосии озодии инсон дар тамоми таърихи мавҷудияти миллат ҷузъи муҳими тафаккур ва худшиносии миллии мо ба ҳисоб мерафт. Таҷрибаи талхи бархе халқҳо, мисли курдҳо, нишон медиҳад, ки соҳибистиқлолӣ ба ҳар миллат муяссар намешавад. Ин арзиши бебаҳо, новобаста аз пайванди он бо шароити таърихии миллатҳо, аз ҳар як фарди ҷомеа ҳушёрию бедорӣ, муҳаббат ба Ватан, заҳмату содиқӣ ва кӯшиши пайвастаро тақозо мекунад. Маҳз шарофат, ҷасорат, самимият ва инсонияти волои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имкон дод мо дар ҷаҳони пур аз зиддиятҳо хусусиятҳои миллию таърихии худро ҳифз кунем.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ кишвар бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ шуд: канда шудани робитаҳои молиявию иқтисодӣ, набудани пули миллӣ, захираҳои ночизи асъорӣ ва тилло, ба вуҷуд омадани низои шадиди шаҳрвандӣ ва буҳрони вазнини сиёсию иқтисодӣ.
Ин вазъияти душвор фазои умумии сиёсиву иҷтимоиро шиддат бахшид ва сатҳи мухолифатҳои дохилиро афзун намуд. 24 августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Гарчанде ин эъломия бо баъзе маҳдудиятҳо қабул шуда, соҳибистиқлолиро дар доираи ваколатҳои сохтори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муайян мекард, он аввалин санаде буд, ки аз наздик шудани истиқлолияти комили кишвар дарак медод. Мутаассифона, на дер аз ин баъд, бо дахолати қувваҳои манфиатдори хориҷӣ муборизаҳои шадиди сиёсӣ барои ғасби қудрат оғоз ёфт, ки амалӣ гардидани орзуи деринаи истиқлолияти комилро душвор сохт.
Дар арсаи сиёсӣ ҳизбу ҳаракатҳои гуногун пайдо шуданд. Бо таблиғот ва даъватҳои онҳо дар пойтахт гирдиҳамоиҳо, ошӯбҳо ва майдоннишиниҳо ба вуҷуд омаданд — падидае, ки қаблан дар таърихи кишвар вуҷуд надошт. Гурӯҳҳои сиёсӣ бо барномаҳои мухталиф, ки бештарашон дар хориҷ таҳия шуда буданд, бо шиорҳои мазҳабию идеологӣ ва дар зери ниқоби «озодӣ» ва «ошкорбаёнӣ» зеҳни мардумро таҳрик медоданд. Вале ҳамаи онҳо як ҳадаф доштанд — ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ.
Ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ фаъолона баргузор мешуданд ва масъалаҳои ниҳоят душвори аз бунбасти сиёсиву иқтисодӣ баровардани кишвар муҳокима мегардиданд.
Мардуми бегуноҳ бо исрор талаб мекарданд, ки ин вазъи тоқатфарсо ҳарчи зудтар бартараф карда шавад. Сухан дар бораи бақои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мерафт. Дар чунин шароити ҳассос ва вазнин, ки имконияти идораи давлат хеле маҳдуд буд, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри фарҳангии «Арбоб» ба номи Саидхӯҷа Урунхоҷаев, воқеъ дар шаҳри бостонии Хуҷанд, баргузор гардид.
19 ноябри соли 1992 фарзанди арзандаи халқи тоҷик — Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳукумати нави кишвар низ ташкил ёфт.
Дастоварди муҳимтарини ин иҷлосия ба сиёсат ворид шудани фарзанди фарзонаи миллат — Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Интихоби ӯ бузургтарин комёбии иҷлосияи мазкур ва бахти баланд барои мардуми он солҳо ранҷкашида буд.
Мардум бо умеди зиёд қарорҳои иҷлосияро, ки аз хиради сиёсӣ ва талоши муттаҳид сохтани мардуми парешон ишора мекарданд, тавассути радио ва телевизион интизор мешуданд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик воқеан ҳам тақдирсоз буда, аҳамияти бузурги таърихӣ дорад, зеро дар ҳамин иҷлосия ҷанги шаҳрвандӣ боздошта шуд, ҳукумати қонунӣ барқарор гардид, пояҳои сулҳ ва ваҳдат гузошта шуданд ва корҳои ободонию эҳёи хоҷагии халқ оғоз ёфтанд. Гарчанде истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991 расман эълон шуда буд, амалӣ гардидани он маҳз аз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз сарчашма мегирад.
Бузургтарин муваффақияти Иҷлосияи XVI-ум дар он аст, ки роҳбареро интихоб кард, ки тавонист рисолати давлатдориро ба дӯш гирифта, мардуми парокандаро муттаҳид намояд, гурезаҳоро ба Ватан баргардонад ва пояҳои фалаҷшудаи давлатдориро аз нав эҳё созад.
н.и.т., мудири кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ
Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
Боронова Рухшона
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/