735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН – РОҲНАМОИ МИЛЛАТ ВА ПОЯГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН – РОҲНАМОИ МИЛЛАТ ВА ПОЯГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР

 Ҳамасола 16 ноябр сокинони сарбаланду меҳнатқарини Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихор ва эҳтироми хоса ҷашн мегиранд. Ин санаи тақдирсоз дар таърихи давлатдории миллии мо мавқеи хос дорад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз мардуми Тоҷикистон бо итминон ба ояндаи дурахшон, ба суи сулҳу ваҳдат, тинҷию оромӣ ва рушди устувор қадам гузоштанд.

Ҳар як миллат барои пешрафт ва бақои давлатдории худ ба роҳбари оқилу ватанпарвар ниёз дорад. Барои халқи тоҷик чунин шахсият — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии ӯ давлати тоҷикон аз вартаи ҷанг, нобоварӣ ва парокандагӣ ба сӯи сулҳ, ваҳдат ва пешрафт қадам гузошт.

Бояд иброз намуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи давлати мо ҳамчун “Иҷлосияи тақдирсоз” сабт шудааст. Маҳз дар ҳамин иҷлосия пояҳои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон гузошта шуданд.

Дар он айём кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ афтода, хатари аз байн рафтани истиқлолият ва давлатдории миллӣ пеш омада буд. Маҳз дар ҳамин рӯзҳо марди қавиирода, сиёсатмадори хирадманд — Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсат баромад. Ӯ бо суханони далерона ва дили пур аз муҳаббат ба Ватан гуфт: «Ман ба Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳ меоварам!»

Ин суханон на танҳо ваъда, балки оғози як роҳи пуршарафи сулҳ, ваҳдат ва пешрафти кишвар гардиданд. Дар натиҷаи кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, сулҳу оромӣ барқарор, гурезаҳо ба ватан баргаштанд ва Тоҷикистони аз ҷанг харобгашта ба роҳи созандагӣ ворид шуд.

Пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, бо иродаи қавии мардум ва роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат — Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони азиз дар роҳи истиқрори сулҳу ваҳдат ва пешравиҳои назаррас гомҳои усутвор дар арсаи байналмилалӣ гузошт. Маҳз бо сиёсати хирадмандона, хизматҳои садоқатмандона ва дарки баланди ватандӯстонаи Пешвои миллат, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кутоҳ тавонист истиқлолияти воқеии худро таҳким бахшад.

Имрӯз бо роҳбарии Президенти кишвар Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо — сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ — пешравиҳои назаррас ба даст овардааст. Сохтмони роҳҳо, нерӯгоҳҳои барқӣ, мактабу донишгоҳҳо, корхонаҳои саноат ва рушди деҳот шаҳодати равшани заҳматҳои роҳбарияти давлат мебошад.

Илова бар ин, Пешвои миллат ҳамчун меъмори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, нақши таърихӣ дар барқарорсозии ягонагии мардум ва эҳёи фарҳанги миллӣ бозид. Имрӯз ҷавонони тоҷик бо эҳсоси ифтихор аз роҳбари худ ва аз давлати соҳибистиқлол пайравӣ мекунанд.

Рӯзи Президент — ин танҳо ҷашни роҳбари давлат нест, балки рамзи сулҳ, ваҳдат ва давлатдории миллӣ мебошад. Ин рӯз моро водор месозад, ки барои ободии Ватан, пойдории сулҳ ва рушди давлати азизамон кӯшиш намоем.  

Бо роҳбарии оқилонаи ӯ имрӯз Тоҷикистон чун давлати озоду соҳибихтиёр, бо сулҳ, ваҳдат ва суботи устувор дар ҷаҳон шинохта шудааст. Дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили об, экология, зеҳни сунъӣ, таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ва рушди устувор аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон ҷонибдорӣ ёфтанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки сиёсати Президенти Тоҷикистон дорои арзиши ҷаҳонӣ ва аҳамияти умумибашарӣ мебошад.

Сохтмони нерӯгоҳи "Роғун", роҳҳои байналмилалӣ, мактабу донишгоҳҳо, корхонаҳои муосири нави саноат ва дастгирии ҷавонон гувоҳи ин сиёсати хирадмандона мебошанд.

Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунад, ки ҷавонон ояндаи давлатанд. Аз ин рӯ, барномаҳои зиёде барои таҳсилу кор ва рушди зеҳнии насли нав ба роҳ монда шудаанд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо ифтихор мегӯяд, ки кишвараш таҳти роҳбарии Президенти худ ба самти пешрафти устувор қадам мегузорад.

Зан модар, тарбиятгар ва такягоҳи ҷомеа аст. Дар даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақшу мавқеи занон ба таври бесобиқа рушд ёфт. Ин ҳама бо сиёсати хирадмандона ва ғамхоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунад, ки бе иштироки фаъолонаи занон наметавон рушди устувори ҷомеаро таъмин кард.

Дар давраи истиқлолият, бо ташаббуси Президент як қатор қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул шуданд, ки ҳадафи онҳо ҳимоя ва дастгирии занон аст. Аз ҷумла,

Барномаи давлатӣ оид ба пешбурди нақши занон дар ҷомеа;

Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар рушди Тоҷикистон;

Барномаи рушди оила.

Ин иқдомҳо ба занон имкон доданд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши фаъол дошта бошанд.

Имрӯз садҳо зан дар сатҳи роҳбарият – аз вакилони маҷлисҳо то вазирон ва роҳбарони ноҳияҳо фаъолият доранд. Дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисод ва соҳибкорӣ саҳми онҳо калон аст.

Бо дастгирии Пешвои миллат, барои занон шароити мусоиди таҳсил, кор ва соҳибкорӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳазорҳо зани тоҷик тавассути Барномаҳои қарзҳои имтиёзнок, ташкилоти ҷамъиятӣ ва созмонҳои давлатии занон имконият ёфтанд, ки корхонаҳо кушоянд, ба истеҳсолот машғул шаванд ва иқтисоди маҳаллиро рушд диҳанд.

Пешвои миллат ҳамеша занонро “Пояи асосии ҷомеаи солим” меномад. Ба шарофати чунин сиёсати оқилона имрӯз зани тоҷик на танҳо модар ва омӯзгор, балки соҳибкори муваффақ, сиёсатмадори фаъол ва сарвари ҷомеа мебошад.

Мо занон ва фарзандони Тоҷикистон бояд ҳамеша бо ифтихор бигуем: Тоҷикистон — Ватани азизи мо ва Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои миллат аст. Ифтихор аз Президенти кишвар Пешвои миллат дорем ва бо боварӣ гуфта метавонем, ки мо сиёсати хирадмандонаи Президентро якдилона ҷонибдорӣ намуда, дар пиёда намудани ҳадафҳои асосии ӯ баҳри рушду нумуи кишвари азизамон софдилона ва содиқона хизмат мекунем.   


Ахмедзода Зебинисо Партов - н.и.п., декани факултети муҳандисӣ, энергетикӣ ва сохтмони Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон.

Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима