Таърихи донишгоҳ
Муассисаи давлатии таълимӣ «Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб» мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 471 аз 25-уми октябри соли 2003 таъсис ёфт.
Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун ҷузъи сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, фаъолияти худро дар тобеияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2015 таҳти № 149 Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб табдили ном кард.
Санаи 28 декабри соли 2024 зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки “...бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад. Ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода шуда, илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултет ва кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд.”
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, № 319 Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ба Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон табдил дода шуд. Оинномаи Донишгоҳ бо фармоиши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2025, №«Ф»01-3а/35 тасдиқ гардид.