Имрӯз дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон чорабинии муҳими маърифатӣ — Рӯзи дарҳои кушод дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ин иқдоми муҳим дар заминаи сиёсати давлатии рушди соҳаи маориф ва татбиқи ҳадафҳои гузариш ба иқтисоди рақамӣ роҳандозӣ гардида, ба муаррифии имкониятҳои васеи донишгоҳ ва ҷалби ҷавонони лаёқатманд равона карда шуд.
Дар чорабинии имрӯза довталабон аз 23 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ) бо иштироки умумии 445 нафар хатмкунанда фаъолона ширкат варзиданд. Ҳузури густурдаи ҷавонон бори дигар аз таваҷҷуҳи баланд ба таҳсилоти олӣ ва ихтисосҳои муосири рақамӣ шаҳодат медиҳад.
Иштирокчиён бо шароити муосири таълим, синфхонаҳои замонавӣ, озмоишгоҳҳои технологӣ ва имкониятҳои фаровони рушди касбӣ аз наздик шинос гардида, ҳамзамон оид ба ихтисосҳои муосиру рақобатпазир, ки ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ мебошанд, маълумоти муфассал гирифтанд. Қобили зикр аст, ки донишгоҳ айни замон аз рӯи 37 ихтисос дар ҳамаи кластерҳо фаъолият намуда, имкониятҳои фарохи интихоб ва рушди касбиро барои довталабон фароҳам месозад.
Ҳамзамон, дар рафти боздид аз дастовардҳои факултетҳо дар саҳни донишгоҳ фазои идона ва ҷолиб ҳукмфармо буд. Дар ин қисмат барои довталабон викторинаҳои гуногун ташкил гардида, онҳо бо шавқу рағбати зиёд иштирок намуда, донишу зиракии худро нишон доданд. Ғолибони викторинаҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд, ки ин иқдом боиси болоравии рӯҳияи иштирокчиён ва тақвияти ҳавасмандии онҳо гардид.
Қобили зикр аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати зеҳни сунъӣ, ки имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад, нақши чунин муассисаҳои таҳсилоти олӣ бештар мегардад. Тавре дар маводи ахири Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» низ таъкид шудааст, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ заминаи мусоид фароҳам меорад ва дар омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон саҳми назаррас дорад.
Қисмати расмии чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, дотсент Шаҳриёр Саъдуллозода оғоз гардид. Зимни баромади худ мавсуф иброз дошт, ки имрӯз ҷомеа ба мутахассисоне ниёз дорад, ки на танҳо дониши назариявӣ, балки малакаҳои амалӣ ва қобилияти кор бо технологияҳои рақамиро доро бошанд. Ӯ ҷавононро ба истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамшуда, донишандӯзии пайваста ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди рақамии кишвар даъват намуд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаҳои муаррифии ихтисосҳо, мулоқот бо устодону донишҷӯён ва шиносоӣ бо фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ баргузор гардида, фазои самимӣ ва илҳомбахш ба вуҷуд омад. Иштирокчиён тавонистанд ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифта, дар бораи дурнамои таҳсил ва имкониятҳои минбаъдаи касбӣ тасаввуроти равшан пайдо намоянд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, дар толори фарҳангӣ низ миёни довталабон викторинаи ҷолиб доир гардида, онҳо бо рӯҳияи баланди рақобатпазирӣ донишу заковати худро нишон доданд. Ғолибон бо туҳфаҳои моливу пулӣ қадрдонӣ гардида, ин иқдом боиси боз ҳам баланд гардидани ҳавасмандии ҷавонон ба донишандӯзӣ шуд.
Дар маҷмӯъ, Рӯзи дарҳои кушод бори дигар собит намуд, ки Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ҳамчун як маркази пешрафтаи илму маориф дар кишвар, дар тарбияи насли нави мутахассисони соҳибкасб ва рақобатпазир нақши калидӣ мебозад. Чунин чорабиниҳо на танҳо ба интихоби дурусти касб мусоидат мекунанд, балки дар ташаккули ҷаҳонбинии муосири ҷавонон ва омодагии онҳо ба зиндагӣ дар ҷомеаи рақамӣ саҳми арзанда мегузоранд.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/