735360 ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад info@uidt.tj

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ



Имрӯз дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки раёсати донишгоҳ, меҳмонони олиқадр, ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ намояндагони раёсати донишгоҳ ҳозирин ва меҳмононро ба муносибати фарорасии ҷашни аҷдодии Наврӯз самимона табрик намуда, аз мақому манзалати ин ойини куҳан ҳамчун рамзи эҳёи табиат, дӯстиву ваҳдат, меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангии ниёгон имрӯз низ дар тарбияи ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои мардумӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона нақши муҳим дорад.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд, ки аз суруду таронаҳои дилнишин, рақсу саҳначаҳои ҷолиб, қироати шеърҳо дар васфи Наврӯз ва намоиши расму ойинҳои миллӣ иборат буд. Донишҷӯён бо либосҳои миллӣ ва ҳунарнамоии ҷолиби худ фазои идонаро боз ҳам шукуҳмандтар намуданд.
Ҳамчунин, барои меҳмонон ва иштирокчиён гӯшаи махсуси наврӯзӣ бо оростани дастархони ҳафтсин ва ҳафтшин, таомҳои миллӣ, маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои хоси наврӯзии тоҷикон ташкил карда шуд, ки мавриди таваҷҷуҳи махсуси меҳмонон қарор гирифт.
Чорабинии мазкур дар фазои саршор аз шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба фарҳанги миллӣ баргузор гардида, ба ҳамаи иштирокчиён рӯҳияи болида, эҳсоси ифтихори миллӣ ва хотироти нек ҳадя намуд.
Сомонаҳо

Сомонаҳои лозима