Қадршиносӣ ва гиромӣ доштани парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ ва Ватани маҳбубамон мебошад, зеро парчами мо дар замони истиқлолияти давлатӣ василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Бахшида ба 24 – ноябр Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21.11. 2025 дар толори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон чорабинии илмӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Парчам пайвандгари имрӯзу фардои кишвар» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ғаффорзода Давлатҷон, ректори донишгоҳ дотсент Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло, мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб Абдуллозода Раҳим, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллӣ ҳусни оғоз бахшида шуд. Сипас ректор донишгоҳ ба сухан баромада зимни баромади хеш аҳли толорро ба ифтихори ин санаи муҳимми таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, қайд доштанд, ки имсол мо Рӯзи Парчами давлатиро дар соли барои тамоми мардуми Тоҷикистон воқеан таърихӣ – 31 солагии иҷлосияи тақдирсози 16 Шурои Олӣ, 34 - солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон таҷлил мекунем.
Дар 34 - соли соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи Пешвои миллат ва сокинони сарбаланди мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд.
Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.
Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем.
Сипас муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ғаффорзода Давлатҷон, мудири бахши ҷавонони шаҳри Кӯлоб Абдуллозода Раҳим ҳозиринро аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи муқаддаси давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад самимона табрик гуфта қайд доштанд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқ аст. Мардуми шарафманди тоҷик дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатиро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҳамеша муқаддас медорад ва таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи созанда дар фазои ваҳдату якдилӣ сӯйи эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва шукуфоиҳои аз ин бештари ватанамон қадам мегузорад.
Дар идомаи чорабини аз тарафи бахши фарҳанги донишгоҳ барномаи рангини фарҳанги ба ин муносибат пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/