(Ба муносибати 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмири волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард.
Эмомалӣ Раҳмон.
Соли равон сокинони сарбаланди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, вахдат ва озодиву шукуфоии Ватани маҳбубамон бузургтарин санаи таърихӣ 33 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.
Қобили қайд аст, ки расидан ба сулҳу субот дар Тоҷикистон басо мушкилу мураккаб буда, хомӯш кардани оташи ҷапги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зич алоқаманд аст. Баъди ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ кашида шуд.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлол дар давраи басо душвори сиёсии ҷомеа бо мақсади таъмини ҳарчй зудтари сулҳу вахдати миллим точикои, наҷот додани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили Тоҷикистон, муҳайё намудани шароит ва заминаи мусоид барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон баргузор гардида буд. Ин санаи фархунда барои ҳамаи мо Тоҷикистониён мояи ифтихор, масъулияти бузург ба хотири ояндаи нек мебошад.
Баъди ҳазор сол, соли 1992 ҳамин гуна вазъи мураккаби сиёсй ба зимаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтод. Зимоми давлатдориро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимаи худ гирифта, қадамҳои нахустини давлатдориро аз сулҳу субот оғоз намуда, ба муваффақиятҳои бузурги таърихӣ ноил гардид. Аввалин коре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он даст зад, эҳёи органҳои қонунии ҳокимият, риоя ва низоми қонун, амнияти шаҳрвандон, фароҳам овардани шароити зисту зиндагй ба ҳисоб меравад. Омили дигар сифатҳои комилан нав гирифтани вазъи сиёсии мамлакат мебошад. Дар ин давра аз соли 1992 cap карда, масъалаи хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омад.
Аз дигар масъалаҳое, ки баъди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад, ин самти солим нигоҳ доштани фазоӣ сиёсии мамлакат буд.
Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравад ва дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад. Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, сарҷамъиву ҳамдигар- фаҳмӣ дар ҷомеа рӯз ба рӯз густариш ёфта, ба шарофати ин раванди нек сатҳи зиндагии мардум торафт баланд мегардад.
Воқеан, истиқлолият ҳамон вақт маъниву моҳияти ҳақиқй пайдо мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа, онро қадр карда, ин неъмати муқаддасу бебаҳоро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд. Бо назардошти вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза амал карда, ҳамчун нерӯи пешбари ҷомеа мардумро ба ободониву созандагии Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҳифзу таҳкими бузургтарин дастовардҳои таърихи навини халқамон - истиқлолияти дав- латй ва ваҳдати миллй раҳнамоиву сафарбар менамоянд.
Тавре Асосгузори сулҳу вахдати миллй - Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолият ва осудагиву ваҳдат расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки танҳо ба туфайли онҳо мо метавонем давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд кунем”.
Истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва мустақи лияти воқеӣ беҳтарин дастоварди таърихи миллати тамадунофари тоҷик ба ҳисоб меравад. Бале, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки оғози фаъолияти давлатдории худро ба ҳайси сарвари он шурӯъ намуд, расман ва ба тариқи оммавӣ чунин изҳор дошта буд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам» ва ин қавли худро дар натиҷаи заҳмату ҷонбозиҳои шабонарӯзй пурра ва сарбаландона дар амал татбиқ намуд. Моро зарур аст, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳид гардида, нагузорем, ки сулҳу ваҳдат ва иеъматҳои пурарзиши онро душманону хоинони дохилию хориҷӣ ба манфиати худ истифода кунанд.
Мо миллати қадима ва соҳибтамаддун дар даврони озодй ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон, бо шарофати заҳматҳои найвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисбдию сиёсӣ, илмию фарҳангӣ ва техникиву истеҳсолии мамлакат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин зимни вохӯриашон бо ҷавонон қайд намуда буданд, ки «ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро омӯзанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаю ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».
Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки ҷонибдори роҳи қонунии инкишофи минбаъдаи ҷомеа, арзишҳои волои ҳуқуқӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои тарафайн бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон дар асоси принсипҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.
Имрӯз вақт моро аз Иҷлосияи тақдирсоз дур барад ҳам, ҳамон андоза аҳамияти бузурги таърихӣ ва сарнавиштсози он барои миллати тоҷик бештар аён мегардад.
Пас аз баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати тоҷик бори дигар имкон пайдо намуд, ки дилиурона дар шароити сулҳу ваҳдати миллӣ ба эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ шурӯъ намуда, дар ин ҷода ба муваффақиятҳои баланди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.
Воқеан баъди Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин миллат соҳиби давлати ягона ва маърифати олӣ гардид.
Дар ҳақиқат нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳ ва далатдориву давлатсозии тоҷикон хеле бузург ва арзишманд мебошад.
Тахти Қурушу Сомон, эй шаҳ ба бар гирифтӣ,
Хуш Хусравонӣ тоҷе, акнун ба cap гирифтӣ.
Нуру зиё бубахши бо нури чеҳраи худ,
Сулҳу суботи кишвар бо худ сипар гирифтӣ.
Ҳасан Шоинов — Сардори маркази фарҳанг ва маънавиёти Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/