Маҳмудзода Мумина Маҳмуд
Муовини ректор оид ба тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
Маҳмудзода Мумина Маҳмуд 05 августи соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Аз моҳи сентябри соли 2023 то ба ҳол ба ҳайси муовини ректор оид ба тарбия кору фаъолият карда истодааст.
05 августи соли 1992
шаҳри Кӯлоб
Муовини ректор
Маълумот
Маҳмудзода Мумина Маҳмуд 05 августи соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.
Аз соли 1999 то соли 2009 дар гимназияи Боғи–Ҳабиби ноҳияи Муъминобод таҳсил намудааст.
Солҳои 2009-2014 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳсил намуда, онро бо ихтисоси “забон ва адабиёти тоҷик” хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳсил намуда, онро бо ихтисоси “забон ва адабиёти тоҷик” хатм кардааст.
Ба ҳайси мудири шуъбаи тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ ва ассистанти кафедраи «Забонҳо»-и Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб кору фаъолият намудааст.
Дар кафедраи «Забонҳо»-и Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб адои вазифа кардааст.
Ба ҳайси мудири кафедраи «Саноати сабук ва дизайн»-и ДТМИК фаъолият кардааст.
Дар вазифаи Сардори шӯъбаи магистратураи ДТМИК кор кард.
Мудири кафедраи «Технологияи саноати сабук ва дизайн»-и ДТМИК фаъолият намуд.
Муовини ректор оид ба тарбия ва масоили иҷтимоии ДТМИК
Бо фармоиши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи муовини ректор оид ба тарбия ва масоили иҷтимоии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон кору фаъолият мекунад.
Фаъолияти илмӣ ва ҷамъиятӣ
Муаллифи 2 монография ва зиёда аз 35 мақолаи илмӣ мебошад.
Дар тӯли фаъолияти хеш барои саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии шаҳр бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаи Раиси вилояти Хатлон ва раиси шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шудааст.