Ҳакимзода Искандар Бозор
Номзади илмҳои техникӣ, дотсент. Айни ҳол ҳамчун муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Маълумот
Ҳакимзода Искандар Бозор 19 январи соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои техникӣ, дотсент.
Соли 2015 Донишгоҳи химико-технологии шаҳри Ивановои Федератсияи Россияро бо ихтисоси муҳандис-электрохимик хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
Донишҷӯи Донишгоҳи химико-технологии шаҳри Ивановои Федератсияи Россия.
Ассистенти кафедраи биотехнологияи факултети муштараки тоҷикӣ-россиягии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб.
Муовини декани факултети таҳсилоти фосилавии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб.
Декани факултети муштараки тоҷикӣ-россиягӣ.
Муовини ректор оид ба инноватсия, рақамикунонӣ ва равобити хориҷии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон.
Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон.
Мукофот ва қадршиносӣ
Нишони давлатӣ
Нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Озмун
Ғолиби озмуни «Илм фурӯғи маърифат» дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» соли 2024.